Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

То тавонӣ бо ҷамоат ёр бош,
Равнақи ҳангомаи аҳрор бош.
Фарду қавм оинаи якдигаранд,
Силку гавҳар Каҳкашону ахтаранд.
Фард мегирад зи миллат эҳтиром,
Миллат аз афрод мегирад низом.

Муҳаммад Иқбол барои тарбияи фарде, ки дар пешрафти ҷамъияту таърих саҳми босазое гузошта тавонад, саъю кўшиши зиёде ба харҷ додааст. Тарбияву ташаккули инсони комил дар маркази ашъори рангин ва умуман тамоми фалсафаву осори адабӣ ва илмии ў қарор гирифтааст. Шоир кўшиш менамояд, ки пеш аз ҳама бо ашъораш ин вазифаи муҳимро ба инҷо расонад. Зеро чунон ки нависандаи пролетарии рус Максим Горкий таъкид карда буд, "ҳадафи адабиёт мадад расонидан ба инсон барои худшиносӣ, афзудани боварии ў ба худ ва кўшиш ба сўи ҳақиқат, муборизаи ў бо зиштиҳо дар вуҷуди одамон ва пайдо кардани некӣ дар сиришти онҳо, бедор намудани шарму ғазабу мардонагӣ дар дилу ҷони онон ва барои он ки одамон некўкору пуриқтидор бошанд, ҳар кореро анҷом додан аст".
Иқбол пеш аз ҳама инсонро ба он даъват менамояд, ки яъсу навмедиро аз худ дур намояд, зеро ноумедиву номуродӣ ба рўзгори инсон, ташаккули пешрафти ў халал мерасонад, рўҳи ўро шикаст дода, вуҷудашро заиф мегардонад, чашмаи файзбори зиндагиро хушку рўзи равшанро торик месозад:

Ноумедӣ ҳамчу гўр афшорадат,
Гарчи Алвандӣ, зи по афтонадат...
Чашми ҷонро сурмааш аъмо кунад,
Рўзи равшанро шаби ялдо кунад.
Аз дамаш мирад қувои зиндагӣ,
Хушк гардад чашмаҳои зиндагӣ...

Инсон бояд дар арсаи зиндагӣ ҳамеша дар талошу ҷустуҷў бошад ва орзуҳои наҷибро, ки ба дилҳо қувват мебахшанду шахсро ба корҳои бузург ҳидоят месозанд, раҳнамои худ қарор диҳад:

Зиндагӣ дар ҷустуҷў пўшидааст,
Асли ў дар орзу пўшидааст.
Орзуро дар дили худ зинда дор
То нагардад мушти хоки ту мазор...

пешина
аз 625
навбатӣ