Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар зиндагӣ мудом бояд ба пеш ба сўи ояндаи фирўз раҳсипор шуд. Ҳар рўзи нави ҳаёти инсон бояд рангинтару пурмаънитар бошад. Вагарна аз такрори якнавохти рўзҳои пешин шарори зиндагӣ хомўш хоҳад шуд:

Дамодам нақшҳои тоза резад,
Ба як сурат қарори зиндагӣ нест.
Агар имрўзи ту тасвири дўш аст,
Ба хоки ту шарори зиндагӣ нест.

Орзу василаи муҳимми ташаккулу пешрафти инсон буда, хаёлоти ўро ба парвоз меорад, меҳру муҳаббат вайро ба зиндагӣ ва ояндаи дурахшон афзун мегардонад. Махсусан, барои ҷафокашони Шарқ орзуро шоир як воситаи раҳоӣ аз бандагӣ медонад:

Зиндагӣ бар орзу дорад асос,
Хешро аз орзуи худ шинос,
Чашму гўши ҳуш тез аз орзу,
Мушти хоке лоларез аз орзу.
Ҳар ки тухми орзу дар дил накишт,
Поймоли дигарон чун сангу хишт...
Обу гилро орзу одам кунад,
Орзу моро зи худ маҳрам кунад.

Орзумандиву бурдборӣ, азму субот, бебокиву далерӣ, навҷўиву тозакорӣ аз фазилатҳоеанд, ки инсони муборизро ба мақсуд мерасонанд. Барои аз нишебу фарозҳои зиндагӣ гузаштан шоир таъкид мекунад, ки на мисоли хас сабуксайру ларзон, балки чун кўҳ маҳкаму устувор бояд буд:

Агар зи рамзи ҳаёт огаҳӣ, маҷўю магир
Диле, ки аз халиши хори орзу пок аст.
Ба худ хазидаву маҳкам чу кўҳсорон зӣ,
Чу хас мазӣ, ки ҳаво тезу шўъла бебок аст.

Дар зиндагӣ пайдо кардани мақоми худ, кўр-кўрона ба дигарон тақлид накардан, ба роҳи осоне, ки кайҳо кушодаанду тай намудаанд, беҳуда қадам нафарсудан ва мустақилона амал карданро низ шоир аз хислатҳои ҳамидаи инсонӣ мешуморад:

Тарош аз тешаи худ ҷодаи хеш
Ба роҳи дигарон рафтан азоб аст.
Гар аз дасти ту кори нодир ояд, Гуноҳе ҳам агар бошад, савоб аст.

пешина
аз 625
навбатӣ