Равзанаи адаб

Омўзиши илму дониш аз назари Иқбол яке аз шартҳои муҳимми ташаккули инсон ба шумор меравад. Иқбол аз бесаводии ҳамватанонаш, ки он боиси яъсу навмедӣ, фирефтаи иғвою ваъдаҳои диндорони мутаассиб ва аз муборизаи фаъолонаи дур шудани онон мегардид, афсўс мехўрад. Шоир омили асосии пешрафти мамолики Аврупоро дар ибтидои асри ХХ пеш аз ҳама дар ривоҷи илму фарҳанги ин сарзамин медонад, на дар дигаргунии зоҳирии мардум:
Қуввати Мағриб на аз чангу рубоб,
На зи рақси духтарони беҳиҷоб,
Не зи сеҳри соҳирони лоларўст,
Не зи урён соқу не аз қатъи мўст.
Маҳкамӣ ўро на аз лодинӣ аст,
Не фурўғаш аз хати лотинӣ аст.
Қуввати афранг дар илму фан аст,
Аз ҳамин оташ чароғаш равшан аст.
Ҳикмат аз қатъу буриди ҷома нест,
Монеи илму ҳунар аммома нест.
Илму фанро, эй ҷавони шўху шанг
Мағз мебояд, на малбуси фаранг...
Гар касе шабҳо хўрад дуди чароғ,
Гирад аз илму фану ҳикмат суроғ...
Дар маснавии "Румузи бехудӣ" Иқбол инсони муосири худро ба он даъват менамояд, ки мутеи вақту замон нагашта, фармонравои он бошад, қонуну равиши зиндагиро дарк намуда, офаридгори таърих гардад ва ҷилави замонро ба даст гирифта ба сўи матлаби инсоният ҳидоят намояд:
Забт кун таърихро поянда шав,
Аз нафасҳои рамида зинда шав.
Дўшро пайванд бо имрўз кун,
Зиндагиро мурғи дастомўз кун.
Риштаи айёмро овар ба даст
Варна гардӣ рўзкўру шабпараст.
Некиву накўкорӣ, ки аз замонҳои қадим то имрўз дар
эҷодиёти адибони барҷастаи олам аз хислатҳои муҳимми инсони
комил мебошад, аз нуктаҳои асосии консепсияи гуманистии Иқбол
низ ба ҳисоб меравад. Иқбол низ дар зиндагӣ ҳамеша накўкор будан, мушкилкушои дармондагону роҳатрасони мардум шуданро талқин менамояд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо