Равзанаи адаб

Инсон бояд аз фурсати ғанимат истифода бурда ҳар нафасро барои беҳбуди одаму олам ба кор барад. Зеро умри инсон дар назди Вақту Таърих хеле кўтоҳ аст:
Зи хоки хеш ба таъмири одамӣ бархез,
Ки фурсати ту ба қадри табассуми шарар аст.
Тафриқаву ихтилофи милливу мазҳабӣ ба консепсияи гуманистии Муҳаммад Иқбол тамоман бегона аст. Ў на танҳо миёни халқу миллатҳои гуногуннажоду мухталифмазҳаб фарқе намебинад, балки ҳамаи одамонро аз як чаману як шохсор медонад. Ў ҳам монанди Саъдии бузургвор, ки "Бани одам аъзои якдигаранд, ки дар офариниш зи як гавҳаранд" гуфта буд, бо як ҳисси баланди инсонпарварона хитоб мекунад:
На афғонему не турку тоторем,
Чаманзорему аз як шохсорем.
Тамизи рангу бў бар мо ҳаром аст,
Ки мо парвардаи як навбаҳорем.
Инсонпарвари бузург моҳияти инсонро на дар миллату ирқу нажод, балки пеш аз ҳама дар одамият медонад ва инро аз ҳама муқаддам мегузорад. Дар замоне, ки таассуби нажодпарастон ва талошҳои мазҳабӣ дар Ҳинду Покистон ба авҷ расида буд, чунин хитобҳои шоири гуманист ҳукми барқи дурахшонеро дар зулмот доштанд:
Ҳанўз аз банди обу гил нарастӣ,
Ту гўӣ румию афғониям ман.
Ман аввал одами берангу бўям,
Аз он пас ҳиндию тўрониям ман.
Иқбол ба ин восита дар байни мардумони гуногунмазҳаби ватанаш иттиҳоду ягонагӣ, дўстиву рафоқатро новобаста аз дину мазҳаб тарғиб менамояд ва эҳтироми инсонро аз шартҳои асосии одамият медонад:
Одамият эҳтироми одамӣ,
Бохабар шав аз мақоми одамӣ.
Одамӣ аз рабту забти тан ба тан
Бар тариқи дўстӣ гоме бизан.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо