Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Афкору эҳсоси Муҳаммад Иқбол низ монанди ақоиду андешаҳои Лев Толстою Рабиндранат Такур барин адибони барҷастаи олам, ки дар муҳити пуртазоде зиндагӣ ва эҷод мекарданд, мураккаб ва пурихтилоф аст. Ў аз як тараф нобаробариҳои иҷтимоӣ, зулму тааддии ҳокимону мустамликадорон ва дигар иллатҳои сохти буржуазиро фош намуда, ба ҳимояи ҳуқуқҳои инсон мебарояд ва андешаҳои баланди гуманистӣ баён мекунад. Аз тарафи дигар гоҳо дар идроки рўйдодҳои сиёсиву иҷтимоии давр оҷиз мемонад ва роҳи асосии дигаргунсозии оламу одамро танҳо аз покии ахлоқу покизагии дин иборат медонад. Ў ғалабаи Инқилоби Октябр ва сохти сотсиалистиро бо хушнудӣ табрику таҳният мегуфт, вале мехост, ки сотсиализм бо дини ислом тавъам бошад.
Муҳаббати беандоза ба инсон, бузургдошти мақому мартабаи он нисбат ба тамоми мавҷудоти олам аз нуқтаҳои асосии гуманизми Иқбол буд. Вале ў моҳияти синфиву сотсиалии шахсро ба эътибор намегирифт ва тарбияи инсонро танҳо аз ташаккули ахлоқӣ иборат медонист. Идеали Иқбол ҳанўз ба ҳаёти воқеӣ решаҳои амиқ надавонда буд ва гуманизми ў бештар ҷанбаи идеалистӣ дошт.
Ҳамчунин консепсияи фалсафиву гуманистии Иқбол "худӣ"
давоми мантиқии консепсияи инсони комили Ҷалолиддин Румӣ, Ибни Арабӣ, Аттор ва дигар адибону орифони Шарқ буда, ҷанбаи ирфониву тасаввуфӣ ҳам дошт.
Бо вуҷуди ин ҳама маҳдудиятҳои ғоявию таърихӣ хидмати Муҳаммад Иқбол дар ривоҷи ҳаракатҳои миллӣ-озодихоҳии халқҳои Ҳинду Покистон, дар ифодаи орзуву омол ва ҳимояи манфиату ҳуқуқҳои мардум хеле бузург аст. Иқбол муҳимтарин нуктаҳои гуманистии фалсафаи Шарқу Ғарбро бо ҳам омезиш дода, консепсияи нави гуманистии худро эҷод намуд, ки дар он мақоми инсони оддӣ ба дараҷаи шахсияти идеалӣ баланд бардошта мешавад. Аз ин рў чунон ки иқболшиноси покистонӣ Саид Абдул Ваҳид таъкид мекунад, "бузургии шахсияти Иқбол ҳамчун донишманду шоир эътироф шудааст ва сабаби ин на танҳо аз навоварии ўст, балки дар он аст, ки асоси андешаҳои фалсафии Иқболро инсон ва мақоми ў дар олам ташкил медиҳад".
Иқбол дар осори гаронбаҳои адабиву фалсафии худ идеали инсонеро ба миён овард, ки тамоми ҳастиашро баҳри озодиву беҳбудии мардум сарф менамояд, мубориза ва некиву накўкориро мароми зиндагӣ қарор медиҳад. Ҳамчунин Иқбол вазифаи асосии шеъру шоирӣ ва умуман адабиётро низ маҳз дар тарбияву тарғиби инсону одамият медонад ва борҳо ин иддаоро дар ашъораш таъкид намудааст.

пешина
аз 625
навбатӣ