Равзанаи адаб

Ў шоиронеро, ки аз сўзу гудози маҳрамонаи онҳо ба мардум суде нест, мазаммат мекунад:
Зи ман бо шоири ширинбаён гўй:
"Чӣ суд аз сўз, агар чун лола сўзӣ?
На худро мегудозӣ з-оташи хеш,
На шоми дардмандеро фурўзӣ".
Шоири бузурги гуманист, ки худи ў "баҳри инсон чашми ман шабҳо гирист" мегўяд, ба шеъру шоирӣ ва иқтидори онҳо дар тарбияву ташаккули инсон итминони комил дошта, дар байтҳои зерини достони "Ҷовиднома", ки маромномаи эҷодии ўст, хитоб мекунад:
Фитрати шоир саропо ҷустуҷўст,
Холиқу парвардигори орзуст.
Шоир андар синаи миллат чу дил
Миллате бешоире анбори гил...
Шеърро мақсуд агар одамгарист,
Шоирӣ ҳам вориси пайғамбарист...
Ҳарчанд роҷеъ ба афкору андешаҳои гуманистии Муҳаммад Иқбол як гурўҳ донишмандон амсоли Александр Баузани, Р.Н.
Николсон, Саид Нафисӣ, Муҷтабо Минавӣ, Саид Абдул Ваҳид, С.
Синҳа, Н.П. Аникеев, Ғ. Алиев, Н.П. Пригарина, М. Миршакар, А.
Ғаффоров, С.И. Кедрова дар зимни асарҳояшон мулоҳизаҳои ҷолибе баён кардаанд, вале ҳанўз бисёр паҳлўҳои гуманизми эҷодиёти ин инсонпарвари бузург амиқ таҳлилу таҳқиқ нашудааст ва ниёзманди тадқиқотҳои ҷиддии муҳаққиқон аст.
Соли 1977
Бозгашти адабӣ
Адабиёти асрҳои XVIII-XIX форс, ки бо адабиёти аҳди қочор ва адабиёти давраи бозгашт маъруф аст, аз давраҳои хеле кам тадқиқшудаи адабиёти Эрон ба шумор меравад. Дар ин давра адибони зиёде зиндагӣ ва эҷод намуда, аз худ мероси фаровон адабӣ боқӣ гузошта бошанд ҳам, мутаассифона, осори адабии онҳо то солҳои охир на танҳо мавриди тадқиқи муфассал қарор нагирифта буд, балки девонҳои ашъор ва асарҳои ҷудогонаи онҳо низ ба табъ нарасида буданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо