Равзанаи адаб

Хушбахтона, солҳои охир девонҳои як зумра шоирони номии ин давра ва баъзе сарчашмаҳо ба чоп расиданд, ки ин барои омўзиши адабиёти давраи мазкур имконият фароҳам овард.
Доир ба адабиёти ин давра ва намояндагони ҷудогонаи он дар Эрон ба ғайр аз муқаддимаи девонҳои ашъори шоирон ва китобҳои умумии таърихи адабиёт чанд рисолаву мақола низ ба табъ расидаанд, ки асарҳои Маликушшуаро Баҳор "Бозгашти адабӣ", Иброҳим Сафоӣ "Наҳзати адабии Эрон дар асри қоҷор", Нусрати Таҷрибакор "Адабиёти Эрон дар асри қоҷор", Яҳёи Ориянпур "Аз Сабо то Нимо" аз ҳамин қабиланд.
Дар эроншиносии шўравӣ ба ҷуз бобҳои ҷудогонаи асарҳои К. Чайкин, Е. Бертелс, Р.Г. Левковская, В.Б. Никитина ва баъзе мақолаҳои дигар дар ин бобат тадқиқотҳои ҷиддии чопӣ ҳанўз ба назар намерасад.
Дар асарҳои мазкур ҳарчанд роҷеъ ба баъзе ҷиҳатҳои ҳаёти адабии давр мулоҳизаҳо баён шудааст, вале хусусиятҳои умдаи адабиёти ин давра ва махсусан равияи бозгашти адабӣ ҳанўз ба таври кофӣ тадқиқ нагардидааст.
Илова бар ин муаллифони он асарҳо доир ба вазъият ва хусусиятҳои адабиёти ин давра ақидаҳои мухталиф баён кардаанд.
Аз ҷумла Иброҳим Сафоӣ адабиёти ин давраро аз давраҳои дурахшони адабиёти форсӣ ба қалам дода менависад: "Дар бадви ҳукумати қочория як наҳзати бузурги адабӣ дар Эрон оғоз шуд, ки забони форсӣ ва шеваи назму насрро ба сўи таҳаввуле мутараққиёна ва такомуле воқеӣ пеш бурд". Муҳаққиқ ба адабиёти давраи мазкур баҳои иғроқомез дода, мақоми шоирони ин аҳдро беасос аз шоирони бузурги асрҳои гузашта болотар мегузорад. Сафоӣ аз ҷумла дар зимни таҳлили осори Сабо қайд мекунад, ки "Шоҳаншоҳнома"-аш, ки ба татаббўи "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ дар баҳри тақоруб суруда шуда, аз шеърҳои Фирдавсӣ фосила надорад ва дар ҳоле, ки бисёре аз абёти он латофат ва инсиҷоми шеърҳои нухбаи "Шоҳнома"-и Фирдавсиро дорад, гоҳе ҳам бар "Шоҳнома" ғалаба мекунад". Яҳёи Ориянпур ин қабил баҳоҳои муҳаққиқонро "на танҳо бисёр иғроқомез, балки аблаҳона" шуморида, қайд мекунад, ки назар ба маълумоти "Ҳадиқатушшуаро" худи Фатҳалихони Сабо бо вуҷуди тафохурҳои зиёдаш дар охирҳои умр ба баландии мақоми Фирдавсӣ ва шоҳасари ў иқрор шудааст.
Аз мулоҳизаҳои Иброҳими Сафоӣ бармеояд, ки ў хеле зиёд шудани шоирону нависандагон, ривоҷи шеъру шоирӣ дар дарборҳо, дар симои шоҳону вазирон харидорону муштариёни ашъори мадеҳавӣ пайдо кардани шоирон, ба соддагўиву содданависӣ рўй овардани адибонро нишонаҳои пешрафти бузурги адабиёти ин давра шуморидааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо