Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дарвоқеъ, чунон ки хоҳем дид, адабиёти давраи мазкур дорои баъзе хусусиятҳои ҷолиби диққат мебошад. Бо вуҷуди ин ҷараёни адабиёти ин давраро наметавон "наҳзати бузурги адабӣ" дар таърихи адабиёти Эрон шуморид.
Ҳодисаи муҳиме, ки дар адабиёти асрҳои XVIII-XIX Эрон ба амал омад, пайдоиш ва ташаккули ҷараён ва равияи бозгашти адабӣ мебошад.
Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки аксари муҳаққиқоне, ки дар хусуси бозгашти адабӣ сухан рондаанд, онро чун сабки тозаи адабӣ ба қалам овардаанд. ِ ِВале бозгашти адабиро на сабқ, балки равияи адабӣ номидан беҳтар аст. Зеро аз лиҳози сабку услуб осори бадеии ин давра аз офаридаҳои сабкҳои хуросониву ироқӣ тафовути ҷиддие надорад.
Чунон ки маълум аст, дар асрҳои XVI-XVIII ривоҷи мавзўъоту мазмунҳои диниву мазҳабӣ, мураккабиву печдарпечӣ, хаёлбофиву суханбозиҳои сабки ҳиндӣ пайваста ба дигар омилҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва маданӣ боиси таназзули ҳаёти адабӣ гардиданд.
Дар назди адибони асри XVIII вазифае меистод, ки адабиётро аз таназзулу пастравӣ раҳо намуда, роҳҳои инкишофи онро пайдо кунанд. Вале барои инкишофи ҳақиқии адабиёт дар ин давра ҳанўз шароит ва омилҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ муҳайё набуданд.
Аз ин ҷост, ки адибони ин давра роҳи халосиро дар пайравӣ ба суханварони бузурги асрҳои X-XIV дида, ба тақлиду пайравии сабку услуби эҷодии онҳо пардохтаанд ва равияи бозгашти адабиро оғоз намуданд. Дар ҳақиқат, ин равия, ба қавли шоири навпардози Эрон Нимо Юшич, "бозгаште аз рўи аҷз ба тарафи сабкҳои мухталифи қадим буд".
Дар бобати аввалин шоире, ки асоси ин равияро гузоштааст ва ё дар ташаккули он бештар хидмат кардаст, дар асарҳои тадқиқотӣ фикру андешаҳои мухталиф баён шудаанд. Аз ҷумла Нусрати Таҷрибакор аз роҳнамоёни бозгашт "Ҳотифи Исфаҳониро муқаддам бар дигарон" мешуморад. Иброҳими Сафоӣ, Наҷотӣ ва Лутфалии Суратгар Фатҳалихони Саборо поягузор ва оғозкунандаи ин равия медонанд. Чанде аз донишмандон монанди Маликушшуаро Баҳор, Аббос Иқбол, Яҳё Ориянпур шоири намоёни нимаи аввали асри XVI11 Сайид Алии Муштоқро асосгузори бозгашти адабӣ шуморидаанд. Дар ҳақиқат, Муштоқ на танҳо яке аз аввалин шоиронест, ки аз сабки ҳиндӣ рўй гардонда, ба пайравии сабкҳои қадим пардохтанд, балки ў дар шаҳри Исфаҳон анҷумани адабие ташкил намуда, шоиронро дар ин равия раҳнамоӣ ва ташвиқ мекард.

пешина
аз 625
навбатӣ