Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Маълумоти зерини тазкираи "Ҳадоиқулҷинон" Абдурраззоқи Дунбалӣ, ки Баҳор низ ба он такя намудааст, дурустии фикри охиринро тасдиқ мекунанд: "Чун бисоти чамани назм аз хаёлоти хоми Шавкат ва Соиб ва Ваҳид ва моюшобуҳу биҳим ва аз истиороти борида ва тамсилоти хунук лагадкўб шуд ва якборагӣ аз таровату равнақ афтод, Муштоқ ба тамошои гулзори назм омада ва тўмори сухансароии он ҷамъро чун ғунча ба ҳам печида ва бистоти назме, ки худ дар он соҳибсалиқа буд ва он равияи Замирӣ ва Назирӣ аст, бигустурданд. Ба сари шохсори сухан навоҳо сохт ва нағмаҳо пардохт. Андалебони хушнавои аср ўро муқтафо омаданд..."
Дар ташаккул ва ривоҷи равияи "Бозгашт" хидмати анҷуманҳои адабӣ, махсусан, анҷуманҳои "Муштоқ", "Нишот" ва "Хоқон" хеле калон аст. Зимнан бояд гуфт, ки мақому моҳияти ин анҷуманҳо на танҳо ҳанўз тадқиқ нашудааст, балки дар зикри унвону асосгузорону он анҷуманҳо дар баъзе асарҳо ба иштибоҳҳо роҳ дода шудааст. Аз ҷумла, муаллифони китоби"Адабиёти Шарқ дар замони нав" дар хусуси вазъияти адабиёти маорифпарварӣ дар нимаи аввали асри XIX таваққуф намуда, қайд мекунад, ки дар ин давра "анҷумани илмиву адабии Муштоқ" – "Ташна" (ташнаи табаддулот дар назар дошта шудааст) таъсис ёфт. Асосгузори он Нишот буд".
Аввалан асосгузори "Анҷумани Муштоқ" шоир Муштоқи Исфаҳонӣ буда, ин анҷуман пеш аз "Анҷумани Нишот"
(поягузораш шоир Нишоти Исфаҳонӣ) ташкил шудааст ва бо вафоти Муштоқ дар соли 1757 пароканда гаштааст. "Анҷумани Муштоқ" бошад дар охирҳои асри XVIII таъсис ёфта, соли 1804 бо азимати Нишот ба Теҳрон пароканда шуд.
Сониян калимаи "Муштоқ" дар ибораи "Анҷумани Муштоқ"
пеш аз ҳама ба номи асосгузори ин анҷуман вобаста аст, на ба он маъние, ки дар асари мазкур шарҳ ёфтааст. Зеро анҷуманҳои адабиву илмӣ дар ин давра одатан номи асосгузорони онҳоро мегирифтанд. Аз ин ҷост, ки илова бар анҷуманҳои зикршуда дар Теҳрон анҷумани дигаре амал мекард, ки он "Анҷумани Хоқон"
номида мешуд ва асосгузори он Фатҳалишоҳ буд, ки бо тахаллуси Хоқон шеър менавишт. Ин анҷуман беш аз ҳама ба ривоҷи назиранависӣ ва тақлидкорӣ ба шоирони гузашта мусоидат намудааст.
Равияе, ки Муштоқ ва дигар шоирони доираи адабии Исфаҳон ("Анҷумани Муштоқ") аз қабили Сайид Муҳаммади Шўъла, Насири Исфаҳонӣ, Озари Бегдилӣ шурўъ намуданд, дере нагузашта дар тамоми Эрон паҳн гардид.

пешина
аз 625
навбатӣ