Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аксари адибони давр аз сабки душворписанди ҳиндӣ даст кашида, дар пайравии шоирону нависандагони маъруфи асрҳои пешин Фирдавсӣ, Фаррухӣ, Унсурӣ, Хоқонӣ, Анварӣ, Муиззӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва амсоли инҳо асарҳо менавиштанд. Ба иборати дигар, нуқтаи асосии равияи мазкурро тақлиду пайравӣ ба сабкҳои пешин ташкил медод.
Вале Нусрати Таҷрибакор барин муҳаққиқон моҳияти ин равияро яктарафа шарҳ дода, мафҳуми "бозгашти адабӣ"-ро танҳо чун дурӣ ҷустан ё баргаштан аз сабки маъмули давр маънидод кардаанд. "Медонем, ки ин асарро, - менависад Нусрати Таҷрибакор,- бозгашти адабӣ номидаанд, ба ин маънӣ, ки баъд аз зуҳури шоироне чун Калиму Соиб, ки нозукӣ ва печидагии мазомини шеърӣ ба ҳадди тамомиву камол расида, шоирон ба бунбасте дар шуданд, ки мутаваққиф монданд ва бинобар ин мебояд аз ин бунбаст бозгарданд". Дуруст аст, ки дурӣ ҷустан аз сабки ҳиндӣ яке аз сабабҳои асосии пайдоиши ин равия буд. Вале онро ҳадафи ягонаву аслии бозгашти адабӣ қаламдод кардан дуруст нест. Зеро мафҳуми "бозгашт" ҳам на дурӣ ҷустанро мефаҳмонад, балки маънии аз нав муроҷиат кардан ба гузаштаро дорад. Ҳадафи асосии ин равияи адабиро Сабоҳии Кошонӣ дар яке аз қитъаҳояш ошкоро ва хеле равшан баён намудааст:

Бувад тариқати мо иқтифои устодон,
Пиёдаро нарасад таъна бар ҳудоти тариқ.

Татаббўъ ва назирависӣ дар тамоми давраҳои таърихи адабиёти Эрон вуҷуд дошт. Вале дар давраи бозгашт он хеле маъмул гардида, ба рукни асосии равияи адабӣ табдил ёфт ва хусусиятҳои гуногунро касб намуд. Ҳоло бо зикри чанд хусусияти назиранависӣ дар назми ин давра иктифо менамоем.
Пеш аз ҳама дар эҷодиёти шоирони ин давра тарзи маъмулусуннатии назиранависӣ, ки шеъри шоири пешинро аз ҳар ҷиҳат – ҳам аз лиҳози мавзўъ, ғоя, мундариҷа, системаи образҳо ва ҳам аз ҳайси вазну қофия, ҳаҷм ва дигар нишонаҳои мундариҷаву шакл пайравӣ намуда, аксаран як мисраи он шеърро иқтибос ҳам меоварданд, мушоҳида мешавад. Тазмину назираҳои устодона ба шеърҳои Фаррухӣ, Анварӣ, Муиззӣ, Хоқонӣ, Саъдӣ, Ҳофиз барин суханварони маъруфи гузашта дар девонҳои ашъори Сабо, Сурўши Исфаҳонӣ, Қоонӣ ва амсоли инҳо бештар ба назар мерасад.
Масалан, Сурўш дар пайравии яке аз қасидаҳои Фаррухӣ қасидае

пешина
аз 625
навбатӣ