Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

навишта, дар поёни он мисраъе аз қасидаи Фаррухиро айнан зикр менамояд:

Ин қасида дар ҷавоби Фаррухӣ гуфтам, ки гуфт:
"Дўст дорам кўдаки симинбари беҷодалаб".

Вале як гурўҳ шоирони давр аз қабили Нишот, Миҷмар, Висол, Фурўғӣ усули дигари пайравиро пеш гирифтанд, ки онро пайравии куллӣ ё умумӣ номидан мумкин аст. Дар эҷодиёти шоирони мазкур махсусан, дар ғазалиёти онҳо беш аз ҳама таъсири амиқи эҷодиёти Саъдиву Ҳофиз мушоҳида мешавад. Ин таъсир дар бисёр ҷиҳатҳои мундариҷаву шакли ғазалиёти онҳо ҳувайдост.
Вале, бо вуҷуди ин, аксари ғазалҳои шоирони мазкурро ба маънии томаш ашъори ҷавобӣ ё назира номидан имконнопазир аст. Зеро мувофиқи талаботи назиранависӣ, чунон ки зикр шуд, шеърҳои дар татаббўи ҳамдигар навишташуда бояд аз ҳар ҷиҳат мувофиқат дошта бошанд. Дар ғазалҳои онҳо бошад танҳо баъзе умумияту монандиҳои ҷудогона ба назар мерасанд. Барои мисол ғазали Миҷмар, ки бо матлаи:

Ошиқи шўридаро ором нест,
Ишқ худ ком асту ўро ком нест.

оғоз меёбад, ба ғазали маъруфи Саъдӣ, ки бо байти зер шурўъ мешавад, аз лиҳози вазн, қофияву радиф, ибораву таъбир ва образҳои ҷудогона умумияту шабоҳате дорад:

Хуштар аз даврони ишқ айём нест,
Бомдоди ошиқонро шом нест.

Вале ин ғазалҳо бо мазмуну мундариҷа ва ҳаҷми худ аз ҳамдигар фарқ доранд.
Аксари ғазалҳои Нишот ҳарчанд бевосита дар пайравии ғазалҳои ҷудогонаи Ҳофиз навишта шудаанд, вале дар онҳо ба таъбиру таркибҳо, образу тасвирҳои хоси ғазалиёти Ҳофиз дучор омада, оҳангу рўҳияи онҳоро эҳсос кардан мумкин аст. Инро на танҳо дар ғазалҳои томи шоир, балки дар байтҳои ҷудогонаи онҳо низ метавон мушоҳида кард. Масалан, байти зерини Нишот:

Ҳаргиз аз мазраи сабзи фалаку чашмаи меҳр
Тухми ғафлат ба ҷуз андўҳ наёрад ҳосил.

байти машҳури яке аз газалҳои Ҳофизро ба хотир меорад:

пешина
аз 625
навбатӣ