Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мазраи сабзи фалак дидаму доси маҳи нав
Ёдам аз киштаи хеш омаду ҳангоми дарав.

Аз байти зерини яке аз ғазалҳои Фурўғии Бастомӣ як хусусияти аҷиби пайравии куллӣ ба мушоҳида мерасад:

То домани қиёмат аз сарв нола хезад
Гардад чаман чамоне он қомати расоро.

Агар мутолиаи мисраи аввали байти мазкур тарзи нигориш ва образу тасвирҳои яке аз ғазалҳои машҳури Саъдӣ "Бигзор то бигирям чун абр дар баҳорон, к-аз санг нола хезад рўзи видои ёрон"-ро ба хотир орад, пас дар мисраи дуюм рўҳияву тарзи ифодаи Ҳофиз эҳсос мешавад.
Албатта ҳамаи ин ҳолатҳо бесабаб набуда, аз як тараф таваҷҷўҳ ва диққати хеле зиёду ҷидди шоирони равияи "бозгашт"- ро ба эҷодиёти суханварони асрҳои X-XIV нишон диҳад, аз тарафи дигар дар байни онҳо мавҷуд будани "умумияти андешаҳои эҷодӣ, ягонагӣ ва қаробати принсипҳои ғоявию эстетикиро", ки аз шартҳои муҳимми ворисияти таърихиву адабист, ба зуҳур мерасонад.
Умумияту шабоҳати қаҳрамони лирикии ашъори ин шоирони давраҳои гуногун ҳам далели гуфтаҳои боло шуда метавонанд. Аз ҷумла қаҳрамони лирикӣ дар ашъори Ҳофиз ва Нишот дар симои ринди лоуболи сармаст зоҳир мегардад. Ҳофиз:

Ман агар ринди хароботаму гар Ҳофизи шаҳр,
Ин матоам, ки ту мебиниву камтар з-инам.

Нишот:

Заҳмати хирқаву саҷҷода барам чанд, Нишот,
Ҳама донанд, ки ман риндаму девонаву маст.

Тарзи дигари татаббўъ, ки маҳз дар ин давра ривоҷ пайдо кард, аз он иборат буд, ки мамдўҳони шоиртабъ матлаеро навишта ба шоирон медоданд ва шоирон онро идома дода қасида ё ғазале месохтанд.
Барои мисол ғазали зерини Фурўғии Бастомиро зикр кардан мумкин аст, ки се байти аввали он ба Носириддиншоҳ тааллуқ дошта, байтҳои баъдинаро Фурўғӣ илова намудааст ва дар охири ғазал ба ин кори худ ишора кардааст:

пешина
аз 625
навбатӣ