Равзанаи адаб

"Дўст набояд зи дўст дар гила бошад,
Мард набояд, ки тангҳавсала бошад.
Даҳдила аз баҳри чист ошиқи маъшуқ?
Ошиқи маъшуқ беҳ, ки якдила бошад.
Бе гила хуш нест рўи хуби ту дидан
Дидани рўят хуш аст бегила бошад".
Дўш ба ҳеҷам харид хоҷаву тарсам
Боз пушаймон дар ин муомила бошад.
Роҳрави ишқ бояд аз паи мақсуд
Дар қадамаш сад ҳазор обила бошад.
Он ки мусалсал нашуд турраи Лайлӣ,
Хост, ки Маҷнун асири силсила бошад.
Тунд марон, эй далел, раҳ, ки мабодо
Хастадиле дар миёни қофила бошад.
Зеби ғазал кардам ин се байти маликро
То ғазалаш садри ҳар муросила бошад.
Бо ғазали шоҳи нуктасанҷ Фурўғӣ
Ман чӣ бигўям, ки қобили сила бошад.
Яке аз муҳимтарин хусусиятҳои адабиёти давраи бозгашт, ки муҳаққиқон ба он ишора кардаанд, соддагии шаклу услуб аст.
"Мувафаққиятҳои услубиву шаклии давраи қоҷор,- менависад К.
Чайкин,- дастоварди муҳими адабиёти нави форсӣ буда, ба эҷоди бадеии солҳои минбаъда таъсири амиқе мерасонанд". Дар ҳақиқат ба соддагўиву содданависӣ рўй овардани шоирони ин давра нисбат ба душворписандиҳои сабки ҳиндӣ қадаме ба пеш буд, вале чунон ки дар боло ҳам қайд кардем, ин ҳанўз далели рушди ҳақиқии адабиёт, пешрафту наҳзати бузурги адабӣ, ки Иброҳими Сафоӣ барин муҳаққиқон иддао доранд, шуда наметавонад.
Тақлиду пайравӣ ба суханварони гузашта доираи назар, чашмандози адибони даврро маҳдуд гардонид. Бештари кўшиши шоирон ба он равона шуда буд, ки сабку тарзи андешаву баёни шоирони пешинро аз нав барқарор намоянд. Аз ин ҷост, ки дар осори онҳо рўҳи замон, муҳимтарин хусусиятҳои ҳаёти иҷтимоии давр хеле кам эҳсос мешавад.
Бо вуҷуди ин, равияи бозгашти адабӣ дар соддатару ба мардум наздиктар кардани адабиёт таъсири калоне расонида, барои ташаккули адабиёти маорифпарварӣ ва демократии Эрон дар ибтидои асри ХХ заминаи мусоиде муҳайё намуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо