Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Пайнавишт

5 К. Чайкин. Краткий очерк новейшей персидской литературы. Л., 1928, стр. 5.

САБКИ ҲИНДӢ - «КИШВАРЕ КАШФНОШУДА»*
Сабки ҳиндӣ гарчи сабки тоза буд,
Лек ўро заъфи беандоза буд…

Маликушшуаро Баҳор

Сабки ҳиндӣ яке аз сабкҳои пурбор, аммо камомўхташудаи шеъру адаби форсу тоҷик ба шумор меравад. Албатта, дар ин замина баъзе корҳо сурат гирифтаанд, аммо ҳанўз нокифояанд. Дар ин росто ба табъ расидани китоби донишманди шинохта Н.И.Пригарина «Сабки ҳиндӣ ва ҷойгоҳи он дар шеъри порсӣ» (Москва. Адабиёти Шарқ, 1999,326 саҳ., ба забони русӣ) қадами ҷиддӣ ва фоли нек дар боби омўхтани ин сабки пурмуҳтаво маҳсуб мешавад. Китоб аз муқаддима, ҳашт боб, хулоса, тавзеҳот ва рўйхати адабиёт фароҳам омадааст.
Муаллиф дар пешсухани китоб дар бораи сабки ҳиндӣ, мавҷудияти сабкҳои адабӣ (хуросонӣ, ҳиндӣ, бозгашт), китоби «Сабкшиносӣ»-и Баҳор ва умуман сабкшиносӣ дар шеъри порсӣ ва дараҷаи омўхта шудани ин сабк маълумот медиҳад. Ў ибтидо аз «Шеър-улаҷам»-и Шиблии Нўъмонӣ ва мақолаҳои Е.Э.Бертелс, донишманди итолиёвӣ А.Баузанӣ, муҳаққиқи Ўзбакистон З.Ризоев, олими немис В.Ҳайнс ва дигарон, ки ба таҳқиқу гузориши муҳимтарин масъалаҳои сабки ҳиндӣ бахшида шудаанд, ёдовар шуда, ҳидмати онҳоро дар роҳи омўзишу тадқиқи ин сабк гўшрас менамояд. Аммо бо ин ҳама, ў дуруст тазаккур медиҳад, ки ҳанўз ин сабк ҳамчун системаи махсуси шеърӣ ба таври бояду шояд мавриди баррасии ҷиддию ҳамаҷониба қарор нагирифтааст.
Зеро донишмандони аврупоӣ асосан ба зикри нишонаҳои ин сабк иктифо мекунанд ва бештар тадқиқоти Шиблии Нўъмониро дунбол менамоянд.
Муҳақиқони шарқӣ низ асосан дар ҳамин заминаҳо ба мавзўъ наздик мешаванд.
Аз ин рў, тадқиқ ва таҳлили сабки ҳиндӣ ва муқоисаи он бо сабкҳои пешин, аз ҷумла хуросонӣ ва ироқӣ як кори муҳим ва таъхирнопазир мебошад.
Гузашта аз ин муҳаққиқ роҷеъ ба вазифа, шеваи тадқиқ, хусусият, анъана, нуқтаи назар ва авомили дохилию хориҷӣ, нигоҳи адибон ба шеър, баҳои тазкираҳо, тафсиру таъбири шеър, нуқтаи назари аҳли тасаввуф дар ин замина, дарки падидаҳои адабӣ, ягонагии забону адабиёти порсӣ, ивазшавии сабкҳо, таълимоти исломӣ ва ҷараёни ирфонию фалсафии сўфия ва нуфузи он дар сабки ҳиндӣ ва умуман ҷойгоҳи он дар шеъри форсӣ, истилоҳи сабки ҳиндӣ, ҷои сабки ҳиндӣ дар таърихи адабиёти порсизабони Ҳинд, сабкҳои фаръӣ, фардӣ ва даврӣ, омўзиши хусусиятҳои умумии байт, мафҳуми меъёри шеър, тағйири меёърҳо дар шеъри сўфиёна, хусусиёти афкори сўфиёна дар шеъри сабки ҳиндӣ, тадқиқи шаклу мазмуни шеър ва ғайра низ ба таври кўтоҳ мулоҳизаронӣ кардааст.

пешина
аз 625
навбатӣ