Равзанаи адаб

Ба андешаи соҳиби рисола сабки ҳиндӣ ҳамчун истилоҳ асосан дар асри XIX пайдо шудааст. Муҳаққиқ дар заминаи ном ва пайдоиши сабки ҳиндӣ менависад: «Пайдоиши ин сабк ҳеҷ гоҳ мустақиман ба Ҳиндустон алоқа надорад, аммо замони шаклгирӣ ва паҳншавии он ба муҳоҷирати шоирони давраи Сафавияи Эрон дар дарбори Муғулони Бузурги Ҳинд ва ҳомиёни он рост омад». Дар ҳақиқат, аксари шоирони дараҷаи аввали сабки ҳиндӣ асосан шоиронеанд, ки аз Эрону Хуросону Мовароуннаҳр баромада буданд монанди Назирӣ, Урфӣ, Толиби Омулӣ, Зуҳурӣ, Калим, Шавкат ва дигарон. Бино бар ҳамин аст, ки муҳаққиқ дар рисолаи худ асосан дар атрофи осори эшон сухан рондааст. Албатта, дар бораи шоироне чун Файзии Даканӣ, Фонӣ ва Ғании Кашмирӣ, Носиралӣ, Зебуннисо, Бедил, ки зодагони Ҳинд мебошанд, низ дар асар мулоҳизаронӣ шудааст. Муаллиф бо далелу бароҳини зиёд ақидаи бисёр паҳншударо дар бораи адабиёти давраи баъдиклассикӣ (баъди асри XV) ҳамчун давраи поёнравию таназзул рад карда, барҳақ сабки ҳиндиро идомаи мантиқию табиии инкишофи сабкҳои шаклии давраҳои пешин, аз ҷумла сабки ироқӣ таъбир ва тафсир менамояд.
Мусаллам аст, ки сабки ҳиндӣ бо назокати хаёл, мазмунофаринӣ, борикандешӣ, фишурдагӣ, рўҳ ва мазмуни ахлоқиву иҷтимоӣ, тамсилгароӣ ва забони соддаю тарзи баёни мушкил ва шигифтангезаш аз сабкҳои пешин тафовут дорад. Албатта, ин сабк мазомини кўҳна ва рамзу рози пешинаи шеърро низ дар худ то ҳадде маҳфуз медорад, аммо тарзи баён асосан тоза, ғайриурфӣ ва нав аст ва ҳамаи ин дар қалаби байт ба намоиш гузошта шудааст.
Аз ин рў шеъри сабки хиндиро шеъри такбайтҳо унвон додаанд. Бунёди ин сабк асосан бар ёфтани маънии тоза, хаёлоти шоирона, дарёфтани мазмуни нав, иҳому ибҳом ва тарзи ғайриодатии сухан қарор дорад ва ҳамаи ин боиси мураккабшавии шеъри ин сабк гардидааст. Ин мураккабшавӣ дар осори шоироне чун Хоҷа Ҳусайни Саноӣ, Зуҳурии Туршезӣ, Шавкати Бухороӣ, Қосими Девонаи Машҳадӣ, Носиралии Сарҳиндӣ, Ғанимати Панҷобӣ, Бедили Деҳлавӣ ва дигарон ба дараҷаи ифрот мерасад ва мўҷиби рўгардон шудани мардум аз шеъри ин сабк мегардад. Бояд гуфт, ки ташбеҳоти мураккабу печида, истиъораву киноёту маҷоз ва корбурди иҳому ибҳом, бозӣ бо калимот ва ғайра, ин шеърро баъзан ба ҳадди чистону муаммо расонидааст. Ҳамаи ин хусусиятҳои сабки ҳиндӣ бештар дар ғазал зоҳир шудаанд. Аммо ғазали сабки ҳиндӣ ба ғазали урфӣ ва истилоҳӣ кам монандӣ дорад ва аз он хеле зиёд фосила мегирад ва гоҳе ба масобаи як қасидаи ахлоқию иҷтимоӣ ва ирфонию таълимӣ (чун қасидаҳои Носири Хусрав) ба ҷилва меояд ва ҳудуди худро аз абёти муқаррарии ғазал (5-7 байт) то 30-40 ва аз ин ҳам зиёдтар васеъ менамояд. Ин тағйирот ва таҳаввулотро дар ғазал аввалтар аз ҳама худи шоирони ин сабк ҳис кардаанд, Соиб гўяд:
Суханшинос агар дар ҷаҳон ҳаст, Соиб, Маро кадом ғазал аз қасида мемонад? Муаллиф дар боби якум, ки «Мадхали омўзиши сабки ҳиндӣ» ном дорад, дар бораи сабки бозгашт, давраи классикии адабиёти порсӣ (асрҳои X-XV) ва охирин намояндаи бузурги он Ҷомӣ, ҷидолҳои мазҳабӣ ва нақши манфии онҳо дар барҳам хўрдани ягонагии фарҳангию адабӣ ва муборизаи шадиди шиаву суннӣ, ташкили давлатҳои алоҳида ва мухталиф, фосилагирӣ аз бисёре аз суннатҳои адабию маданӣ, канда шудани алоқаҳо, пайдо шудани дузабонӣ ва бисёрзабонӣ дар адабиёт, тағйири сабк, тағйири ҷуғрофиёӣ, равнақи адабиёти порсӣ дар Ҳинд, муҳоҷирати шоирони бузурги форсу тоҷик ба ин сарзамин, зуҳури сабки ҳиндӣ дар Эрону Хуросон ва паҳншавии он ба Ҳинд, нигоҳи Баҳор ба ин тағйироти услубӣ, аз ҷумла сабки ҳиндӣ, беасосии истилоҳи сабки ҳиндӣ, хусусияти тасодуфӣ доштан ва ғайриилмӣ будан ва барғалат ин номро гирифтани он, назари донишмандон, аз ҷумла Маликушшуаро Баҳор, Амирии Фирўзкўҳӣ, Е.Э.Бертелс ва дигарон дар ин боб ва пешниҳоди истилоҳоти дигар ба ҷои сабки ҳиндӣ аз ҷумла сабки исфаҳонӣ, сафавӣ ва ғайра, заминаи шартии ин сабк, саҳми Ҳинд ва ҳиндиён дар сабки ҳиндӣ, тараққӣ ва такомули забону адабиёти порсӣ дар ин сарзамин, сармашқи шоирони Ҳинд қарор гирифтани осори шоирони ин сабк аз ҷумла Фиғонӣ, Шифоӣ, Саноии Машҳадӣ, Ваҳшии Яздӣ, Зуҳурии Туршезӣ, Қудсӣ ва Ғизолии Машҳадӣ, Малики Қумӣ, Калими Кошонӣ, Соиби Исфаҳонӣ, Ҷалоли Асири Шаҳристонӣ, Нозими Ҳиротӣ, Шавкати Бухороӣ, Урфии Шерозӣ, Назирии Нишопурӣ, Толиби Омулӣ, Ашрафи Мозандаронӣ ва дигарон, давоми мантиқии сабки ироқӣ будани сабки ҳиндӣ, бунёдгузорону ба авҷрасонандагони ин сабк будани шоирони форсу тоҷик (Фиғонӣ, Урфӣ, Назирӣ, Калим, Соиб, Нозим, Шавқат…), хусусиёти ашъори Фиғонӣ, хидмати Шиблии Нўъмонӣ дар баррасии осори поягузорон ва намояндагони бузурги сабки ҳиндӣ, ба шумули Фиғонӣ, Назирӣ, Урфӣ, Толиб, Калим, Соиб ва дигарон, сарчашмаҳои зуҳури сабки ҳиндӣ, баъзе андешаву фарзияҳои ғалат роҷеъ ба нишонаҳои аввалини сабки ҳиндӣ дар осори Хусрави Деҳлавӣ, Алишери Навоӣ ва хусусияти ғайриилмӣ ва субеъктивӣ (зеҳнӣ) доштани ин андешаҳо ва назири ин сухан ронда, ба истинод ба андешаҳои донишмандон ва хулосаҳои худ нишон медиҳад, ки пайдоиши сабки ҳиндӣ ба Амир Хусрави Деҳлавӣ, ки дар замони ҳокимият доштани сабки ирокӣ зиндагию эҷод кардааст ва Алишери Навоӣ, ки шогирд ва пайрави Ҷомӣ ва дигар классикони адабиёт форсу тоҷик будааст, тааллуқ надошта, балки дар заминаи қонуният ва инкишофи дохилии адабиёти форсии тоҷикӣ, забону услуби он пайдо шудааст ва заминаи форсии тоҷикӣ дошта, аввалин гўяндагону бунёдгузорони он шоирони эрониву хуросониву мовароуннаҳрӣ (Фиғонӣ, Урфӣ, Зуҳурӣ, Толиб, Назирӣ) будаанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо