Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Онҳое ҳам, ки дар Ҳинд эҷод кардаанд ва аз пештозону ба камолрасонандагони он будаанд, ҳамагӣ мардумону шоирони Эрону Хуросону Мовароуннаҳр будаанд. Лиҳозо, соҳиби рисола барҳақ менигорад: «Ҳоло пиромуни масъалаи аҳамияту бузургии адабиёт , масалан, аҳамияти маҳаллӣ дошта чизе намегўем. Аммо сухан дар мавриди сабки ҳиндӣ бошад, дар ҳақиқат мумкин нест, ки дар боби чеҳраҳои олирутба, шоироне, ки аз Эрону Осиёи Миёна бархостаанд, хомўшӣ гузид». Шоирони порсигўи Ҳинд дар пайравӣ аз сабку шеваи онон ашъори худро сурудаанд ва эшонро ҳамчун устоду сармашқ сутудаанд. Аз Фонӣ, Сарфӣ, Ғанӣ, Носиралию Бедил сар карда, то Ғолиб, Шиблӣ, Гиромӣ, Ҳоливу Иқбол ва дигарон ҳамаи онҳо худро аз пайравони шоирони форсу тоҷик, аз ҷумла шоирони зикршуда ва сабки онҳо донистаанд.
Ногуфта намонад, ки нишонаҳои сабки ҳиндӣ пеш аз Амир Хусрав, аз ҳамон оғози зуҳури шеъри нави порсӣ, аз осори Рўдакӣ (Бар киштии умр такя кам кун, К-ин Нил нишемани наҳанг аст) ва ҳаммактабони ў шурўъ шуда буд.
Муҳаққиқон нишонаҳои ин сабкро асосан аз сабки ироқӣ - аз осори Хоқонӣ, Камолу Ҷамоли Исфаҳониву Низомӣ, Амир Хусраву Ҳасани Деҳлавӣ, Ҳофизу Камоли Хуҷандӣ медонанд, аммо мо нишонаҳои ин сабкро пеш аз ҳама, дар осори шоирони сабки хуросонӣ, ба вижа Носири Хусрав, ки дорои сабки хос буда, осораш саршор аз зарбумасалу мақол ва хусусан тамсил мебошад, дида метавонем. Хусусан, қасидаҳои ў, ки ахлоқиву фалсафианд, бо ғазалҳои сабки ҳиндӣ, ки асосан иҷтимоиву ахлоқӣ мебошанд, ҳамсониҳои зиёд доранд. Ба сухани дигар, шеъри Носири Хусрав низ мисли шеъри шоирони сабки ҳиндӣ дур аз дарбор эҷод шудааст. Ў низ чун шоирони сабки ҳиндӣ дорои сабки хос мебошад. Шеъри вай низ назири шоирони сабки ҳиндӣ ҷанбаи қавии иҷтимоиву ахлоқӣ ва фалсафӣ дорад. Дар осори ў низ каломи омиёна, ба вижа зарбулмасалу мақол мавқеи муҳим дорад. Каломи ҳикматдор, хусусан тамсил низ дар шеъри Носири Хусрав мисли шеъри шоирони сабки ҳиндӣ ҷўш мезанад.

пешина
аз 625
навбатӣ