Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сухан кўтоҳ, бисёре аз вижагиҳои сабки ҳиндӣ, хусусан тамсилгароӣ, ки аз хусусиятҳои асосиии сабки ҳиндист, дар шеъри Носири Хусрав ба мушоҳида мерасад. Гузашта аз ин, то зуҳури сабки ҳиндӣ, мо дар осори ҳеҷ шоире тамсилро ба дараҷаи осори Носири Хусрав дида наметавонем.
Воқеан, ин қасидаи тамсилии Амир Хусрав, ки аксари муҳақиқиқон онро ба масобаи далели бунёнгузори сабки ҳиндӣ будани ў ҳамвора дар нигоришоти хеш меоранд ва нақл мекунанд:

Кўси шаҳ холиву бонги ғулғулааш дарди сар аст,
Ҳар кӣ шуд қонеъ ба хушку тар, шаҳи баҳру бар аст,4

дар пайравии қасидаи зерини Носири Хусрав эҷод шудааст:

Ҳар кӣ чун хар фитнаи хобу х (в) ар аст,
Гарчи мардумсурат аст, он ҳам хар аст,5

Аз ин рў ин сабк иртиботе ба Ҳинд, фалсафаи ҳинд, шеъри он, санскрит ва амсоли ин, ки баъзеҳо гумон кардаанд ва мекунанд, надорад, балки ин сабк як зинаи инкишофи шеъри порсӣ ва идомаи сабкҳои пешин - сабки хуросониву ироқӣ, ки заминагузори аслии ин сабк мебошанд, ба шумор меравад. Ин андешаро гуфтори муҳаққиқи олмонӣ, ки соҳиби рисола ба вай истинод кардааст, низ тасдиқ менамояд: «Бо ин ҳама, - менависад Ҳайнс, - дар он (сабки ҳиндӣ-,М.М.,Ҷ.С.) ба дараҷаи қуллӣ меросият дар баробари сабкҳои хуросонӣ ва ироқӣ маҳфуз аст. Ҳамаи кўшишҳои муаллиф дарёфтани ягон чизи нав дар сабки ҳиндӣ, ногузир ва аз сидқи дил иқрор шудан ба он далел тамом мешавад, ки падидаи мазкур аллакай дар сабкҳои пешин ба мушоҳида мерасад ва дар қўрхонаи муҳаққиқ дараҷаи муқоиса боқӣ мемонад, ки аз он истифода менамояд, то нишон бидиҳад, ки дар сабки ин ё он зуҳурот бештар ба мушоҳида мерасад, васеътар мешавад, амиқтар меравад ва ё ки нисбатан мураккаб мегардад». Муаллиф хусусияти истилоҳии сабки ҳиндиро дар адабиёти илмӣ, ки ба поёни асри XIX ва аввали асри ХХ рост меояд, низ дар рисола фурўгузор намекунад, балки дарки интиқодии онро, ки ҳоло шўрўъ шудааст, ёдовар мешавад ва ба маърази андешаву баррасӣ мегузорад, зеро то замони номи сабки ҳиндиро гирифтан он бо номҳои «тарзи тоза», «тарзи нав», «шеваи хос» ном бурда мешуд. Сипас, ў таърифи Маликушшуаро Баҳорро дар бораи сабки шеър меорад ва онро ноқису тавзеҳталаб мешуморад. Дар ин замина ў гуфтор ва нуқтаи назари З.Н.Ворожейкина, М.Муҳаммадӣ, М.Н.Усмонов, Ян Рипка, А.М.Мирзоев, З.Ризоев, И.С.Брагинский, А.Н.Болдирев, Баузаниро доир ба сабки ҳиндӣ ва умуман се сабки шеъри форсӣ ва мушкилоти баррасии онҳо тавзеҳу ташреҳ менамояд ва бахусус аз аҳамияти муҳими тадқиқоти бунёдии аллома Шиблии Нўъмонӣ ёдовар мешавад. Гузашта аз ин, муҳаққиқ хидмати донишмандони дигари Ҳинду Покистон, аз ҷумла профессор Обидӣ ва донишмандону муҳаққиқони Афғонистон ва ба вижа Эрон, ки аз нимаи дуввуми асри ХХ таваҷҷўҳашон ба сабки ҳиндӣ меафзояд, махсус таъкид менамояд.
Бинобар ин вай дар хулосаи ин боб менависад: «Кўшиш додани ахбор доир ба масоили сабки ҳиндӣ имконият медиҳад бигўем, ки ҳанўз мушкилот ва саволҳои зиёде дар шакли мубоҳисавӣ ва комилан ҳалношуда (дар ин сабк ва номи ў) мавҷуданд. Дар навбати аввал ин ба нақши Ҳинд ва ҳиндиён дар ташаккулу шаклгирӣ ва барқароршавии сабки ҳиндӣ алоқаманд аст…»

пешина
аз 625
навбатӣ