Равзанаи адаб

Боби дуввуми рисола «Рўҷўъ ба таърихи адабиёти форсизабони Ҳинд»
ном дошта, муаллиф дар ин фасл роҷеъ ба истилоҳи адабиёти форсизабони Ҳинд ва корбурди он, аз тарафи Маҳмуди Ғазнавӣ дар асри XI истило шудани Ҳиндустон ва зуҳуру равнақи адабиёт дар ин сарзамин ба забони форсӣ, ба маркази маъмурию маданию адабӣ табдил ёфтани шаҳри Лоҳур, густариши забони форсӣ ҳамчун забони шеър, коргузорӣ бо ин забон дар дарбор, лашкар, салтанати Деҳлӣ ҳамчун маркази мустақили ҳокимияти мусулмони дар Ҳинд, иштироки ҳиндиён дар корҳои дарборӣ, пайдоиши доираҳои нави адабӣ, паҳншавии сўфия, пайдоиши фирқаҳо, зуҳури шоирони машҳур-Нукатӣ, Абулфарачи Рунӣ, Масъуди Саъд, Амир Хусрав ва Ҳасани Деҳлавӣ, фаъолияти тазкиранигории Авфии Бухороӣ дар Ҳинд, Зиёуддини Нахшабӣ ва «Тўтинома»- и ў, лашкаркашии Бобур ба Ҳинд, рўи кор омадани сулолаи Темуриёни Ҳинд ва давраи нави инкишофи адабиёти форсизабон дар ин сарзамин ва амсоли инҳо иҷмолан таваққуф менамояд. Дар воқеъ, дар замони ҳукмронии темуриён дар Ҳинд ва Сафавиён дар Эрон адабиёти форсӣ тараққӣ мекунад. Хусусан дар Ҳинд, ки фазои мувофиқ барои кори эҷодӣ муҳайё шуда буд, адабиёти форсӣ хеле равнақу ривоҷ меёбад. Бечиз нест, ки Кашмирро дар ин давра «Эрони Сағир» ном мебурданд, зеро ҳокимону салотини ин сарзамин барои рушду нумўи адабиёт саъи зиёд мекарданд, аз адибон ғамхорию пуштибонӣ ба амал меоварданд, барои инкишофи маориф, забон, шеър, фарҳанг ва адабиёт аз ҳеҷ гуна заҳмату ҳиммат дареғ намеварзиданд. Онҳо, бешак, илҳомбахши шоирон ва аҳли илм буданд. Бисёре аз онон худ шеър мегуфтанд ва ҳам чун суханшиноси моҳир чеҳранамоӣ мекарданд (мисли Акбар, Зуфархон ва …).
Дар ҳақиқат, адабиёти форсизабони Ҳинд дар ин давра, хусусан дар давраи ҳукмронии Акбару Ҷаҳонгир ва Шоҳиҷахон бисёр тараққӣ мекунад ва пеш меравад. Шоирон мавриди иззату икром ва эҳтироми фаровон қарор мегиранд. Лиҳозо, шоирони маъруфу муҳоҷири эронӣ чун Урфӣ, Назирӣ, Ҳаёти, Ғизоли, Зуҳурӣ, Толиби Омулӣ, Калим, Соиб ва … дар рушд ва такомули шеър ва парваришу тарбияи адибони ин сарзамин нақши бузург мебозанд.
Муаллиф дар боби сеюми китоб «Масъалаҳои типологӣ ва шеърияти сабки ҳиндӣ» аз мақолаи Е.Э.Бертелс «Роҷеъ ба масъалаи сабки ҳиндӣ», ки соли 1956 иншо шудааст, сухан дар миён оварда, дар бораи дастовардҳои илми шарқшиносӣ, ба вижа шарқшиносии урупоӣ ва тадқиқотҳои дар Русия, Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон анҷомёфта, мавҷудияти воқеъии сабки ҳиндӣ, ки онро сабки сафавӣ, исфаҳонӣ низ мегўянд, даъвоҳои мухталифу беасоси ба сабки озарбойҷонӣ номзад кардан ва баромади онро барғалат ба Амир Хусрав ва Алишери Навоӣ нисбат додан ва соири мушкилоти дар заминаи ин сабк вуҷуддоштаро ба риштаи дадқиқ мекашад. Хусусан нуқтаи назари донишмандоне чун В.Ҳайнс, А.Баузанӣ, Р.Зиполӣ, Е.Э.Бертелс, Э.Браун, Амирии Фирўзкўҳӣ, Эҳсони Ёршотир, Ҳусайн Муҳаммадзодаи Сиддиқ, З.Ризоев, Абулҳай Ҳабибӣ ва дигарон, ки дорои назароти зидду нақиз ва гоҳе ғайрилимиву субъективӣ (зеҳнӣ) мебошанд, меорад ва барои тадқиқу таҳлили дурусти ин сабк кўшиш ба харҷ медиҳад. Дар ин замина ў бештар ба андешаҳои солими муҳаққиқон аз ҷумла Шиблии Нўъмонӣ, Е.Э.Бертелс, В.Ҳайнс, А.Баузанӣ ва дигарон, ки пешниҳодот ва назароти ҷолиб дар заминаи сабки ҳиндӣ баён кардаанд, такя менамояд. Вай бо истинод ба андешаҳои солими ин андешамандон дурнамои омўзиши ин сабкро низ ба миён мегузорад ва аз муҳаққиқон даъват ба амал меорад, ки ин сабкро дар заминаи таърихи адабиёти порсӣ ва алоқамандона бо сабкҳои пешин, ки мўҷиби пайдоиши сабки ба истилоҳ «ҳиндӣ» гардидаанд, қиёсу муқобила, намоянд, бо нишон додани вижагиҳои осори шоирони маъруфи ин сабк, хусусияти умумӣ ва фардии шоирони он, тафовути кулливу ҷузъӣ, нуқтаи назари сабкшиносон ва алалхусус масъалаи сабки Соиб, ки муҳаққиқони осори ў ба миён мегузоранд, сабки Зуҳурӣ, ки Мирзо Ғолиб онро аз сабкҳои дигарон болотар мегузорад ва амсоли ин, мавриди пажўҳишу баррасӣ қарор диҳанд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо