Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зиёда аз ин, вай доир ба тафовути нуқтаи назари донишмандони Шарқу Ғарб, аз ҷумла Эрон, Тоҷикистон, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Русия ва Урупо, соддагии забон, печидагии шеър, ғазали сабки ҳиндӣ, фарқи он аз ғазали пешиниён, роҳҳои баррасии саҳеҳ ва илмии ин сабк, омўзиши тазкираҳо, ҷунгу баёзҳо, девони ашъори шоирони бузурги ин сабк, ки хеле зиёданд, аммо бисёр кам чоп шудаанд, нуфузи афкори сўфиёна, омўзиши мавзўъу мундариҷа, ғоя, қазияи сулҳи кулл, муносибати сабки ҳиндӣ бо шеъри Аврупо, аз ҷумла шеъри бароккои итолиёвӣ, ҳамоҳангӣ ва тафовути онҳо аз ҷумла нуқтаи назари Р.Зиполӣ ва ғайра мулоҳизаҳои судманд меронад. Ҳамзамон, муаллиф дар бораи ном, равияҳои соддаву печидаи ин сабк ва ягонагии лафзу маънӣ, ки бо истинод бо ин байтҳои Соиб сурат гирифтааст, низ сухан мегўяд:

Лафзу маъниро ба теғ аз якдигар натвон бурид,
Кист, Соиб, то кунад ҷонону ҷон аз ҳам ҷудо?
Ва:
Гарчи бе бол кунад маънии нозук парвоз,
Лафзи покиза пару бол кунад маъниро.

Аммо, ба назари мо, тафсири ин қазия яктарафа сурат гирифтааст, зеро дар сабки ҳиндӣ офаридани маънӣ, он ҳам маънии нав, ҳадафи аслии шоир аст.
Лиҳозо, дар шеъри шоирони ин сабк ба лафз кам ва ба маънӣ бештар аҳамият дода мешавад. Худи Соиб, ки дар авҷи сабки ҳиндӣ қарор дорад, ба ин маънӣ бо сароҳат ишора менамояд ва мегўяд:

Рўи хуш лафзу бўи хуш маъност,
Маънӣ аз лафз дилпазиртар аст.

Муҳаққиқ дар бораи сарчашмаҳои сабки ҳиндӣ сухан ронда, дар ин
замина барҳақ хидмати Шиблии Нўъмониро, ки аввалин бор ба ин масъала
равшанӣ андохта ва муҳаққиқони баъдина асосан ба гуфтаи ў такя намудаанд,
таъкид ва таъйид менамояд ва дар ин бора чунин менависад: «Сухан ин ҷост, ки
Шиблии Нўъмонӣ на танҳо хусусияти сабки ҳиндиро муайян мекунад, на фақат
шоирони асосии ин ҷараёнро нишон медиҳад ва осори шаш нафари онҳоро
таҳқиқ мекунад, хусусияти хоси шеваи онҳоро нишон медиҳад, балки
маълумоти равшан ва саҳеҳ дар бораи инкишофи ин сабк низ медиҳад…» Дар
ҳақиқат, муаллиф ба тадқиқоти Шиблии Нўъмонӣ дар «Шеър-ул-аҷам», хусусан
дар заминаи сабки ҳиндӣ, натанҳо баҳои баланд медиҳад, балки ба таҳлилу
тавзеҳ ва шарҳи мўҳтавою мазмуни гуфтаҳои ў низ мепардозад. Аз ҷумла
гуфтору маълумоти ўро дар бораи Сафавиҳо, алоқаи онҳо бо шеър, сулолаи
Темуриёни Ҳинд шеърфаҳмию шеършиносӣ ва шоирпарварии онҳо, мисли
Абдураҳими Хони Хонон ва Абўлфатҳи Гелонӣ, ғазалҳои тарҳӣ сурудани
шуаро, мушоира дар дарборҳо, шеърдўстии ҳокимон, назири Зуфархон,
инкишофи ғазал, дар ин асрҳо, воқеагўӣ, муомилабандӣ, шеъри восўхт, шеъри
фалсафӣ, мисолия, тағаззул, хаёлбофӣ, мазмунсозӣ, қасида, маснавӣ, рубоӣ
печидагии шеъри шоирони ин сабк ва сабабҳои он, нақши сувари хаёл дар
шеъри шоирони сабки ҳиндӣ, бунёдгузорони ин сабк ва нишонаҳои он таҳлилу
баррасӣ менамояд. Дар ин замина ў аз таноқузи афкори Шиблии Нўъмонӣ ва
Е.Э.Бертелс дар боби Фиғонӣ, ҳамчун бунёдгузори сабки ҳиндӣ низ фурўгузор
наменамояд, балки ба хулосае меояд, ки бояд масъалаи ҷойгоҳи сабки ҳиндӣ ҳамчун системаи шеърӣ дар таърихи адабиёти порсизабонон ҳамаҷониба мавриди баррасӣ қарор бигирад ва муайяну мушаххас карда шавад.

пешина
аз 625
навбатӣ