Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Аз хуросонӣ ба сабки ҳиндӣ»- унвони боби чоруми рисола аст, ки муаллиф дар он дар бораи шаклгирии байт, хусусият ва шаклу вазифаи он дар шеър баҳс мекунад.
Сипас муҳаққиқ хусусияти рамзии ҳунару фарҳангӣ халқҳои мусулмонро ёдовар шуда, масъалаи эътибори муҳим додан ба тавҳидро махсус таъкид менамояд. Ў масъалаи байт, матлаъу мақтаъ дар ғазалро низ мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Вай ин қазияро дар мисоли яке аз қасидаҳои Унсурӣ таҳлил менамояд. Ў асоси таълимоти сўфияро, аз забони Бертелс, ба асри Х марбут медонад, ки пасон густариш ёфтааст. Масъалаи соддагии шеър, аз ҷумла шеъри Фаррухӣ ва тадриҷан печида шудани он дар асрхои минбаъда, мисли шеъри Анварӣ ва шеъри динию фалсафӣ, ки хусусияти рамзӣ доранд, тавҳид, густариши мавзўи ишқ дар шеър, шеъри сўфиёнаи Шабустарӣ, масъалаи таносуби лафзу маънӣ аз дидгоҳи шоирони сўфӣ, нуқтаи назари Шамс Қайси Розӣ (асри XIII) Атоуллоҳ Ҳусайнӣ (асри XV) таҳаввули образҳо, сермаъноии калимҳо, маҷоя.киноя, истиъора, шеър дар сабки хуросонӣ (содда), дар сабки ироқӣ (мураккабшавӣ), корбурди истилоҳоти илмӣ, фалсафӣ, ирфонӣ, ғазалиёти Ҳофиз, душвории дарки ғазалҳои Ҳофиз, муқосиаи ғазали сабки ироқӣ (Ҳофиз) бо хуросонӣ (Рўдакӣ) ва тафовути сабки байни ин ғазалҳо, назари донишмандон дар ин заминаҳо, аз ҷумла мулоҳизаи олими олмонӣ В. Ҳайнс, шеъри ҳис ва андеша, шароб дар сабки хуросонӣ (Рудакӣ) ва сабки ироқӣ (Ҳофиз), муқоисаи ғазали Фиғонӣ ва Ҷомӣ, фишурдагӣ ва эҷоз яке аз хусусиятҳои сабки ҳиндӣ ё маънии бисёр дар лафзи андак, луғоти омиёна ва сўфиёна, тозагӣ, навоварӣ дар заминаи анъана дар шеъри сабки ҳиндӣ, мушкилоти шеъри сабки ҳиндӣ, шеъри печида, аз ҷумла шеъри Бедил, ғояи инзиво ва таслиму ризо, бадбинӣ дар шеъри сабки ҳиндӣ, аз ҷумла Бедил ва ғайра маҳз дар ҳамин бахш таҳлилу баррасӣ мешаванд.
«Меъёри шеър» -боби панҷуми асар буда, дар он дар бораи илми бадеъ ва хусусияти омўзиши меъёрӣ доштани он баҳс мекунад. Дар ин замина муаллифи рисола ба таҳлилу тавсифи нуқтаи назари Рашидаддини Ватвот (асри XIII) ва масъалаи лафзу маъниро дар заминаи назарияи шеъри араб ва муқоисаи он бо шеъри форсу тоҷик баён менамояд. Ў нуқтаи назари Ибни Қутайбаро низ дар заминаи лафзу маънӣ меорад, ки иборат аз чор намуди матни шоирона аст: 1 «Бо лафзи хушу маънии хуш. Бо лафзи хушу маънии бад. Бо лафзи баду маънии хуш. Бо лафзи бад ва маънии бад». Муаллиф дар боби шашум- «Таъсири сўфия дар шаклгирии забони шеъри форсӣ» мавзўъ ва қазияро дар мисоли шеъри Ҳофиз, ки зоҳиран хасосиси сўфиёна дорад, аммо дар ботин чизи дигар баррасӣ менамояд, ёдовар мешавад.
Ў мегўяд: «Ақидае вуҷуд дорад, ки шеъри Ҳофизро набояд тавзеҳи сўфиёна кард. Ин ақида он қадар дар байни олимон (ҳам Аврупо, ҳам Росия ва ҳам ворисони асосии анъанаи ҳофизона) ривоҷ дорад, ки наметавон бо онҳо ҳамфикр набуд. Дигар нуқтаи назари бисёр боисрору устувор дар бораи Ҳофизи орифу сўфӣ мебошад, ки масалан, файласуф ва муҳаққиқи намоёни таърихи таасаввуф Саид Ҳусайни Наср пурра ва бо як овоз Ҳофизро ҳамроҳ бо Ҷомӣ ба шоирони машҳури сўфии асрҳои охир дохил мекунад» Бо ин ҳама муҳаққиқ таъсири тасаввуфро мехоҳад дар шеъри Ҳофиз равшан намояд. Аз ин рў, вай хусусият ва вижагиҳои ашъори Ҳофиз ва мазмуни олию забони осмонии ғазалиёти ўро таъкид менамояд. Аз ҷумла ў дар бораи афкору маданияти сўфиёнаи замони шоир, истилоҳоти сўфиёна дар шеъри Ҳофиз, забони шеъри ў, сабки фардии Ҳофиз, сайри ғазал дар шеъри форсӣ, ғазали мусалсал ва ғазали Ҳофизу сабки ҳиндӣ, ки ҳар байт мавзўи хосеро

пешина
аз 625
навбатӣ