Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

дунбол мекунад, масъалаи матлаъ ва мақтаъ ва алоқаи онҳо дар ғазал ва амсоли ин мулоҳиза ронда, барои исботи ин гуфтаҳояш ғазали зерини Ҳофизро, ки дорои истилоҳоти сўфиёна мебошад, меорад:

Булбул зи шохи сарв ба гулбоғи паҳлавӣ,
Мехонд дўш дарси мақомоти маънавӣ …

Баъд аз овардани ин ғазал ба таҳлилу тафсири муфассали он мепардозад.
Ибтидо онро аз нуқтаи назари муҳаққиқоне, ки алоқаи ўро ба сўфия рад мекунанд, баррасию тафсир мекунад, баъдан аз дидгоҳи ирфон ва шарҳҳои сўфиёна, аз ҷумла «Бадрушшурўҳ» мавриди таҳлилу тадбир қарор медиҳад ва хусусияти сўфиёна ва ирфонии онро бо далелҳо нишон медиҳад ва ҳамзамон забону баёни пуррамзу роз ва сермаънои шеъри Ҳофизро, ки дар саросари ғазал ҳокимият мекунад, таъкид ва таъйид менамояд. Хусусан истилоҳоти сўфиёнаи «мақомоти маънавӣ» ва «нуқтаи тавҳид»-ро дар ин замина махсус ёдовар мешавад.
«Масъалаи содда ва мураккаб дар сабки ҳиндӣ», ки боби ҳафтумро ташкил медиҳад, фарогири қазияи назирагўӣ мебошад. Муаллиф ин масъаларо аз пайравии шоирон, аз ҷумла Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҷомӣ ва дигарон ба «Хамса»-и Низомӣ ва соқиномаи Низомию Ҳофиз ва қасидаи машҳури фалсафии Хоқонӣ, ки аввалин шуда Амир Хусрав ҷавоб гуфтааст, авҷ гирифтани назирасароӣ дар асри XV, хусусан дар осори Ҷомӣ ва ҳамзамононаш шурўъ карда, дар ин замина анъанаи назирасроиро аз асри XIII (назираҳои Сайфи Фарғонӣ ва қасидаву ғазалиёти Саъдӣ) нишон медиҳад. Дар ин росто муҳаққиқ ба баррасии ин падидаи адабӣ, ки бо номҳои ҷавоб, татаббўъ, назира, пайравӣ ёд мешавад, пардохта, барои намуна ғазали истиқболии Фиғониро, ки дар пайравии Ҷомӣ навиштааст, меорад ва мавриди баррасӣ қарор медиҳад ва бештар ба андешаҳои муҳаққиқи барҷастаи осори Ҷомӣ Аълохон Афсаҳзод истинод ва такя менамояд. Баъди қиёсу муқобилаву баррасии ғазалҳо аз паҳлўҳои мухталиф муҳаққиқ дар ғазали ҷавобияи Фиғонӣ хусусиятҳои сабки ҳиндиро мебинад ва кашф мекунад, хусусан санъати иҳомро, ки дар ин сабк мавқеи муҳим дорад. Баъдан, вай нуқтаи назари Ғолибро оварда, аз мубдеи тарзи тоза будани Фиғонӣ, ки аҳли тазкира ва муҳаққиқони дигар низ изҳори назар кардаанд, сухан мегўяд. Ў дар ин замина шабоҳати афкори Ғолибро бо Шиблӣ, ки Фиғониро оғозгари сабки ҳиндӣ муаррифӣ менамояд, низ ёдовар мешавад. Ҳамзамон, пажўҳишгар инкишофи ин сабкро дар ашъори Урфӣ, Назирӣ, Шарафи Қазвинӣ тасдиқ менамояд ва тафовути сабки Зуҳуриро бо Урфию Соиб, ки Ғолиб мебинад, зикр карда, аз фардияти сабки Зуҳурӣ сухан мегўяд ва дар ин замина аз суханони Вориси Кирмонӣ (дар осори шоирони сабки ҳиндӣ тамоюлоти мухталиф ба дида мерасад) суд меҷўяд. Ў баъди ин суханони муқаддимавӣ ба асли матлаб-масъалаи соддагию мураккабӣ дар шеъри порсӣ мепардозад. Ў таъбири соддагиро дар саҳли мумтанеъ ва тафовути онро дар сабки ҳиндӣ, ки дорои вижагиҳои зиёд мебошад, бо далелу мисолҳо нишон медиҳад. Вай дар ин замина ба гуфтаи донишмандон, аз ҷумла М.Муҳаммадӣ, Э.Бертелс, Аҳмади Хотамӣ такя карда, ба тавзеҳи эҷоз, ки яке аз сифатҳои муҳими сабки ҳиндӣ ба шумор меравад, мепардозад ва зимнан аз борикандешӣ, хаёлпардозӣ, ки дар як байт сурат мегиранд, сухан дар миён меоварад. Барои тасдиқи афкораш аз Соибу Калим, ки дар авҷи ин сабк қарор доранд, мисол меорад. Гузашта аз ин, муаллиф ду навъи шеърро дар шеъри шоирони ин сабк ба мушоҳида мегирад. Якум, шоироне ки дар айни фишурдагӣ ва мўҷазӣ фикрашон равшану фаҳмост. Гурўҳӣ дуюм, шоиронест, ки имкони гунҷоиши мазмуни васеъро дар шакли фишурда надоранд, ҳузури калимоти зарурӣ монеи равшании фикр ва нофаҳмию мушкилии шеър ва фаҳмидану ворид шудан ба он мегардад.

пешина
аз 625
навбатӣ