Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Муаллиф боистинод ба андешаи муҳаққиқон, дар бораи аз дарбор фосила гирифтани шеър ва ба кўчаву бозор рў овардани он низ фурўгузор наменамояд. Муаллиф барои намунаи нисбатан содда аз Калим ва мураккаб аз Бедил мисол меорад. Шоирони вуқўъгўйро низ ёдовар мешавад ва аз иҳомгароӣ, эъҷозу фишурдагӣ, тааҷҷубангезӣ, корбурди муҳовара ва амсоли ин дар сабки ҳиндӣ сухан дар миён оварда, матлабро ба ин байти Соиб ба поён мебарад ва ҷамъбаст менамояд:

Даъвии ишқ зи ҳар булҳавсе меояд.
Даст бар сар задан аз ҳар магасе меояд.

Зимнан бояд гуфт, ки дар мисраи дуюм ба ҷои «аз», «зи» сабт шудааст, ки боиси халалдор шудани вазн гаштааст.
Боби охирини рисола, ки унвони «Категорияҳои асосии мазмуну шакли байти ғазали сабки ҳиндӣ»-ро гирифтааст, як навъ бозгашт ба фазои байт аст, ки дар фасли пешин баррасӣ шуда буд. Муаллиф имконияти дохилии байтро дар сабки ҳиндӣ, ки ҳамеша барои дарёфти мазмуни нав саъй менамояд, таъкид ва таъйид намуда, аз сифати мумтози он медонад. Албатта, дар шеъри сабки ҳиндӣ, ки бар мазмунофаринӣ асос ёфтааст,маънӣ ва мазмун дар байт мавқеи ҳалкунанда дорад. Дигар, бояд маънӣ ва мазмун нав, нодир шигифтангез бошад.
Муҳаққиқ бо такя ба андешаҳои Амирии Фирўзкўҳӣ, ба тавзеҳу ташреҳи ашъори Соиб дар ин замина мепардозад. Ба қавли ў, Соиб дар офаридани мазмуни наву тоза, ки дар абёти алоҳида сурат мегиранд, аз камназирони ин сабк аст. Аммо инро ҳам бояд гуфт, ки дар ашъори Соиб дар баробари муваффақият дар заминаҳои мухталиф ба бебарориҳо низ рў ба рў мешавем.
Абёти номавзуну истиоъраҳои нохушоянд, мусомеҳоти лафзӣ ва амсоли ин дар девони ў, мутаассифона, мавҷуданд, ки ҳусни сухани ўро костаанд, аммо бо ин ҳама, ба андешаи Фирўзкўҳӣ, дар девони ў ҳадди ақал даҳ ҳазор байти шоиставу зебо метавон пайдо кард, ки ин барои мақому мавқеи волои ў дар шеъри сабки ҳиндӣ имконият фароҳам меорад. Воқеан, ин сабк бо такбайтҳояш машҳур аст ва такбайтҳои зебои сабки ҳиндӣ дар осори Соиб, Калим, Урфӣ, Толиб, Назирӣ ва дигарон худро намоён сохтаанд.
Дар бораи хусусияти муҳимми сабки ҳиндӣ сухан ронда, муҳаққиқ нуқтаи назари Туробӣ, Забеҳуллои Сафо, Шиблӣ ва дигаронро, ки шеъри шоирони ин сабкро дар маъниофаринӣ ва хаёлбандӣ мумтоз медонанд, меорад ва шарҳ медиҳад. Ў мафҳуми маъниро дар байт маънидод карда, нуқтаи назари Мирзо Ғолиб, А.Б.Куделин, Н.Ю.Чалисова ва дигаронро меорад. Равшан аст, ки шоирони сабки ҳиндӣ, ки ҳадафи аслиашон маъниофаринӣ аст, на танҳо худ маъниофаринӣ мекунанд, балки ба шеваи нав ва тарзи адои тозаву бикр аз маънии шоирони пешин низ суд меҷўянд ва ашъори эшонро бозсозӣ ва бозофаринӣ мекунанд. Дар ҳақиқат шоирони сабки ҳиндӣ ҳамеша дар талаби мазмуни нав, маънии ғарибу ноошно буданд. Бинобар ин онҳо аз ҳамин ҳадафи худ дар ашъорашон ҳамвора сухан мегўянд. Метавон дар ин замина аз ҳар шоири ин сабк мисол овард, аммо ин байти Соиб баёнгари воқеии ҳадафи шоирони ин сабк мебошад:

Домани ҳар гул магиру гирди ҳар хоре магард,
Толиби ҳусни ғарибу маънии бегона бош.

Воқеан, дар тазкираҳо шоирони ин сабкро ба унвони халлоқулмазомин
(Соибро) халлокулмазонӣ (Калимро) ёд мекунанд, ки ин далел бар бунёди ин сабк аст, ки бар мазмун ва маънӣ асос ёфтааст.

пешина
аз 625
навбатӣ