Равзанаи адаб

Аз ин рў шоири ин сабк бояд бар он кўшад, ки мазмуни шеъраш бикр ва нав бошад.
Чизи дигаре, ки дар сабки ҳиндӣ намоён ва чашмрас аст, як навъ гурез аз анъана ва шикастани қолабу меъёрҳои вазъшуда ва як навъ озодӣ мебошад, ки дар баробари риояи суннатҳои шеърӣ арзи вуҷуд менамояд. Ин суннатгурезӣ ва озодӣ дар корбурди калимот, ба вижа калимоти вазъшудаи ғазал, ки бозтобдиҳандаи аосии сабки ҳиндӣ аст, афзудани ҳаҷми ғазал, такрори қофия, такрори мазмун (ба навъи мухталиф) худро намоён сохтаанд. Тасвирҳои олӣ, фавқуллода, хаёлоти борик, мазомини ноошнову ғариб, ба доираи шеър кашидани ҳама чиз, ҳама ашёи табиат, шикори маънии тоза, ғайримуқаррарӣ дар саросари осори шоирони маъруфи ин сабк мавҷ мезанад. Аммо бархе аз шоирони ин сабк дар мазмунофаринӣ, хаёлбандӣ ба ифроту тафрит, ба вижа ба печидагӣ низ роҳ медоданд. Ҳусайни Саноӣ ва Қосими Машҳадӣ, Ҷалоли Асир, Шавкати Бухороӣ, Соиб (қисман), Зулолии Хонсорӣ, Носиралӣ, Бедил ва дигарон, ки шеърро ба чистон табдил дода буданд ва муҷиби дилзадагии мардум аз шеър ва зуҳури равияи бозгашт гардиданд аз ҳамин қабиланд. Албатта, шоирони сабки ҳиндӣ, бо мазмунофаринӣ, хаёлбофӣ, истифода аз муҳовара ва шоирона баён кардани мавзўъу матлаб, ҳатто мавзўъ ва матолиби кул низ имтиёз доранд, аммо чизе, ки дар шеъри сабки ҳиндӣ беш аз ҳама ба чашм мерасад ва ҷалби таваҷҷўҳ менамояд, ин тамсил аст, ки барои тасдиқи матлаб (асосан дар мисраи дуввум) оварда мешавад ва байни номаҳсусу маҳсус ба масобаи пул хидмат менамояд. Дар заминаи тамсилгароӣ номи шоирони маъруфи ин сабк Соиб, Калим, Салим, Ғанӣ ва ғайра забонзади аҳли тадқиқ аст.
Хаёлбофӣ низ дар шеъри форсии тоҷикӣ анъанаи пешинаи худро дорад, аммо дар сабки ҳиндӣ хаёлбофӣ авҷ мегирад ва ба яке аз хусусиятҳои умдаи он табдил меёбад. Хаёлбандӣ дар тамоми осори шоирони маъруфи ин сабк дида мешавад, аммо Шиблии Нўъмонӣ онро ба Мирзо Ҷалоли Асир, Шавқат ва Қосими Девона хос медонад ва эшонро «шиноварони ин гирдоб» медонад.
Офаридани мазмуни тоза дар шеъри сабки ҳиндӣ як амали соддаву маъмулӣ аст. Барои шоирони ин сабк ҳама ҷо мазмун ҷўш мезанад ва он худ ба шоир сало мезанад. Ба қавли Соиб:
Як умр метавон сухан зи зулфи ёр гуфт,
Дар банди ин мабош, ки мазмун намондааст.
Хулосаи муҳаққиқ аз боби ҳаштуми рисола ба тариқи зайл аст: «Дар ҷамъбасти мавзўъ мумкин аст гуфт, ки шеъри сабки ҳиндӣ дар тўли таърихи дуру дарози мавҷудияти хеш бархе аз сохту шакли худро ба майдон меорад, ки онҳо мақсади ғоявӣ ва услубии онро муқаррар ва муайян месозанд. Ҳақ бар ҷониби он муҳаққиқони таърихи адабиёт аст, ки онҳо дар сабки ҳиндӣ давом ва инкишофи тамоюлеро мебинанд, ки бунёдаш дар ин адабиёт аз қадамҳои аввалини он оғоз шудааст. Фаҳмиши пайванди паёпаю ҳамешагӣ ва бетанаффус ба анъанву суннатҳо тарафҳои суст ва пурқуввати сабки ҳиндиро нишон медиҳад. Системае, ки дар он хусусиятҳои хоси сабки ҳиндӣ зуҳур кардаанд, моро маҷбур мекунад, ки ин майлонро ба унвони як давраи муҳими инкишофи адабиёти баъд аз классикии форсу тоҷик дар Эрону Ҳинд эътироф намоем ва бипазирем». Дар асар барои таҳқиқи масъалаҳои асосии сабки ҳиндӣ аз дастовардҳои тозаи илмҳои шарқшиносӣ, фалсафа, адабиётшиносӣ, диншиносӣ ва амсоли инҳо истифода шудааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо