Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Муаллиф равиши таҳқиқи ҷомеъро пеш гирифта, сабкро дар ҳамбастагӣ бо масоили гуногуни раванди адабӣ баррасӣ менамояд. Ў дар баробари корбурди равишҳои нави таҳқиқи адабиётшиносиву фарҳангшиносӣ ба таври фаровон ва муносиб аз шарҳу тавзеҳоти сарчашмаҳои адабии шарқӣ амсоли рисолаҳои илми бадеъ, тазкираҳо истифода кардааст. Ба ин васила ў як қатор мафҳумҳои барои адабиётшиносии ғарбӣ тозаро монанди маъниофаринӣ, мазмунофаринӣ, назира, татаббуъ, тақлид ба арсаи илм ворид намудааст.
Н.И.Пригарина аз равиши суннатии адабиётшиносиву шарқшиносии шўравӣ, ки бештар гироиши иҷтимоӣ дошт, дурӣ ҷуста, ба ҷои таҳлилт ғоявию мундариҷавии осори шоирон дар замимаи асар шарҳи ғазалҳои шоирони маъруфи сабки ҳиндиро додааст. Дар ин шарҳҳои мухтасар пеш аз ҳама аз суннатҳои шарҳнависии шарқӣ, ки бештар ба сухан такя мешуд, истифода гардида, таҳлили системавии байт анҷом пазируфтааст, ки ин барои дарки моҳияти сабки ҳиндӣ хеле мувофиқ аст.
Бояд гуфт, ки ин асари пурарзиш дорои бархе аз нуқсу камбудиҳо низ мебошад. Аз ҷумла, муҳаққиқ мавзўъро асосан дар заминаи ирфон ва тасаввуф баррасӣ кардааст, ки ин, ба фикри мо, ба мавзўи сабки ҳиндӣ муғойират мекунад ва ноҳамгун аст, зеро бо рўи кор омадани сабки ҳиндӣ шеъри ирфонӣ ва сўфиёна рў ба таназзул мениҳад. Албатта, истилоҳоту рамзҳои сўфиёна дар ашъори шоирони ин сабк таъсири зиёд доранд, вале пайдоишу ташаккули сабки мазкурро ба тасаввуф вобаста кардан дуруст нест. Агар маснавию ғазалҳои Носиралию Бедил ва чанд тани дигарро, ки дар равияи тираю ифротии ин сабк шеър мегўянд ва намоёнгари аслии ин сабк ва вижагиҳою зебоиҳои он нестанд ва ҳам сабаби таназзули он гардидаанд, истисно кунем, дигар дар тамоми осори шоирони сутурги ин сабк нақши ишқу ирфону тасаввуф чандон чашмгир нест.
Гузашта аз ин, ашъоре, ки эшон дар ин боб сурудаанд, бо ашъори шоирони маъруфи сўфия, мисли Саноиву Аттор, Мавлавию Ироқӣ ва Ҳофиз қобили қиёс нестанд. Шеъри ин сабк шеъри мазмун аст ва он ҳам асосан мазомини ахлоқию иҷтимоӣ. Шеъри Калим, Нозим, Соиб саршор аз мазомини иҷтимоию ахлоқӣ мебошад. Дигар, муҳаққиқ аксар авқот дар инҳисори гуфтори донишмандони Эрону Аврупо ва ба вижа Шиблии Нўъмонӣ монда, бештар саргарми шарҳу тавзеҳи назариёту гуфтори эшон гардидааст ва худ бевосита ба матни осори адибони ин сабк хеле кам руҷўъ кардааст. Гузашта аз ин, ба бисёре аз тадқиқотҳои тозаву муҳим, ки бо шеъри сабки ҳиндӣ марбутанд, дастрасӣ пайдо накардааст. Аз ҷумла китобу рисолаҳои «Таърихи адабиёти тоҷик дар асри XVII» -и С.Саъдиев, «Дар бораи адабиёт ва нақди адабӣ»-и Хусрави Фаршедвард, «Корвони Ҳинд»-и Гулчини Маъонӣ, «Аз гузаштаи адаби Эрон»- и Зарринкўб, «Бедил», «Суҳроби Сипеҳрӣ ва сабки ҳиндӣ»-и Ҳасани Ҳусайнӣ, «Сабки ҳиндӣ»-и Марзияи Ноҷӣ, «Шоири оинаҳо»-и Шафеъии Кадканӣ, «Сайри ғазал дар шеъри форсӣ»-и Сируси Шамисо ва амсоли инҳо истифода нашудаанд.
Ҳамчунин ба тазкираҳо, кутуби таърихи адабиёт ва хусусан девони шоирони маъруфи ин сабк, камтар истинод шудааст. Аз ин рў дар матни асар баъзе норасоиҳо ба назар мерасанд. Дар саҳ. 46 муҳаққиқ Фонӣ ва Ғании Кашмирӣ ва Носиралии Сирҳиндӣ ва Зебуниссоро, ки аз шоирони порсизабони ҳинданд, саҳван дар қатори шоирони эронӣ Соиби Табрезӣ ва Шавқати Бухороӣ ном мебарад, ки саҳеҳ нест. Дар саҳ. 70 ин байти Рафеи Машҳадиро:

Умр агар хуш гузарад, зиндагии Хизр кам аст
В-ар ба нохуш гузарад, ними нафас бисёр аст.

бо истинод аз Туробӣ (с.70), бидуни муроҷиат ба асли матн ба номи Рафеи
Қазвинӣ меорад, ки савоб нест ва хонандаро ба иштибоҳ меандозад. Зиёда аз ин, дар бораи тазкираҳои муҳим, ки ба шоирони ин сабк бахшида шудаанд, аз ҷумла тазкираи Малеҳо ва Мирзо Тоҳири Насрободӣ хомўшӣ ихтиёр мекунад.

пешина
аз 625
навбатӣ