Равзанаи адаб

Ҳол он ки бидуни ин ду тазкира наметавон манзараи аслии шеъри шоирони ин сабкро ба мулоҳиза ва мушоҳида гирифт. Муҳаққиқ аз чӣ бошад, ки дар бораи осори Камоли Хуҷандӣ, ки нишонаҳои сабки ҳиндиро хеле равшан дар худ муҷассам кардааст, чизе намегўяд. Мо медонем, ки таъсири осори ў дар шоирони ин сабк хеле бузург аст. Воқиан, Соиб, ки дар авҷи ин сабк қарор дорад, ба ў иродат меварзад, шеърашро пайравию тазмин менамояд ва хусусан аз калимоту таркибот ва кинояву маҷози ў, ки дар корбурди онҳо Камол устоду беназир аст, истифода менамояд:
Соиб, ин он ғазали Хоҷа Камол аст, ки гуфт:
«Сарв девона шуда аз ҳаваси болояш».
Дар муқадима ва бобҳои ҷудогонаи асар, ҳангоме ки сухан аз сабкҳои адабӣ меравад, муаллиф аз сабки бозгашти адабӣ ҳам ёд мекунад. Вале ў роҷеъ ба хусусиятҳои ин сабк таваққуф намекунад ва ба назари донишманди маъруф Маликушшуаро Баҳор такя менамояд. Дар бораи ин падидаи адабӣ дар эроншиносӣ андешаҳои мухталиф мавҷуданд, ки онҳо дар мақолаи яке аз муаллифони ин тақриз мавриди баҳс қарор гирифтаанд. Дар он мақола бо далелҳо сабки ҷудогона набудани «Бозгашти адабӣ» ва ба талаботи равияи адабӣ ҷавобгў будани он ба субут расидааст. Ин матлаб дар асари дастҷамъии «Таърихи адабиёти Эрон дар асрҳои XIX-XX» низ баён шудааст. Вале аз чӣ сабаб бошад, ки Н.И.Пригарина, ки худ муҳаррири масъули китоби мазкур буда, хеле пештар аз чопи китоб аз он матлаб огоҳӣ дошт, онро нодида гирифтааст.
Дар боби 8 асар ба истилоҳоти асосии сабки ҳиндӣ ва тарҷумаи русии онҳо таваҷҷўҳи зиёд зоҳир шудааст. Вале тарҷумаи баъзе истилоҳҳо монанди маънӣ (идея), мазмун (тема) баҳснок мебошанд.
Тавре ки гуфтем, муҳаққиқ бештар андешаву назароти дигаронро меорад ва тавзеҳу ташреҳ менамояд. Аз ин рў назари мустақили ў гоҳе хира ва таҳтушшўои назароти дигарон мемонад. Такрори афкор низ дар рисола ба мушоҳида мерасад. Дар саҳифаи 255 ҳангоми муаррифии Урфи ўро ба таври Урфии Шерозии Лоҳурӣ ёд кардааст, ки саҳеҳ нест. Урфи Шерозист, на Лоҳурӣ. Дар саҳ. 277 ба ҷои Мир Маъсум Малики Қумӣ омадааст, ки номатлуб аст. Худи Соиб дар ин бора бо сароҳат гуфтааст:
Ба ғайри Соибу Маъсуми нуктасанҷу Калим,
Дигар, кӣ з-аҳли сухан меҳрубони якдигаранд?
Аз чӣ сабаб бошад, ки Н.И. Пригарина ҳам дар унвони асар ва ҳам дар зимни он аз истифодаи мафҳуми адабиёти форсу тоҷик худдорӣ намуда, ҳама ҷо танҳо истилоҳоти «шеъри форсӣ», «адабиёти форсӣ»-ро ба кор бурдааст. Дар сурате ки истилоҳи адабиёти форсу тоҷик, ки бо пешниҳоди устод С.Айнӣ солҳои 40 асри ХХ мавриди қабули шарқшиносони шўравӣ гардид, имрўз дар эронштносии ғарб низ пазируфта шудааст, ки унвони асарҳои бунёдии Е.Э.Бертелс, шарқшиносони чех бо сарварии Я.Риика ва амсоли онҳо низ ба он далолат менамояд. Агар муаллифи асар назари дигар дошта бошад, бояд онро зикр мекард.
Ҳамчунин мафҳуми «Муғулҳои бузург», ки муаллифи асар дар чанд маврид истифода бурдааст, тавзеҳталаб аст. Зеро Темуриёни Ҳинд ҳарчанд ба муғулҳо андаке иртиботи насабӣ доранд, вале онҳоро ба ҳеҷ ваҷҳ муғул номидан дуруст нест.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо