Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

САБОҲИИ БЕДГУЛӢ ВА «БОЗГАШТИ АДАБӢ»

Ҳоҷӣ Сулаймон Сабоҳии Бедгулӣ аз шоирони маъруфи қарни 12 Эрон буда, бо осори рангини худ, амсоли ғазалиёт ва қасоид, таркиббандҳову муқаттаъот, маснавиҳову рубоъиёт дар таърихи адабиёти форси қуруни охир ҷойгоҳи хосе дорад. Хидмати ў ба хусус дар ташаккулу такомули мактаб ё равияи «Бозгашти адабӣ» ва ҷилавгирӣ аз густариши сабки ҳиндӣ дар Эрон хеле назаррас аст.
«Бозгащти адабӣ», ки бо кўшишу ибтикори гурўҳе аз шоирони «Анҷумани Муштоқ» бо сарварии Муштоқи Исфаҳонӣ ба вуҷуд омад, падидаи муҳиме дар раванди таърихи адабиёти Эрон ва форсизабон гардид. Дар бораи ин падида, хасоис ва намояндагони он муҳаққиқони эрониву хориҷӣ амсоли Маликукшшуъаро Баҳор, Яҳёи Ориянпур, Иброҳими Сафоӣ, Аҳмади Хотамӣ, Нусрати Таҷрубакор, Р.Г. Левковская, Шамси Лангрудӣ мақолаву рисолаҳо таълиф кардаанд. Зимнан ҳамаи онҳо ба Сабоҳӣ ва нақши ў дар «Бозгашти адабӣ» ишора намудаанд.
Вале ҳанўз ҷанбаҳои зиёди «Бозгашти адабӣ» ва нақши намояндагони он, аз ҷумла Сабоҳии Бедгулӣ мавриди таҳқиқи густурдаву амиқ карор нагирифтаанд. Ҳанўз худи мафҳуми «Бозгашти адабӣ» дуруст муайян нашудааст. Онро мактаб(Шамси Лангрудӣ), анҷуман(Ю.Алексеева), давра(Аҳмади Хотамӣ),наҳзат(Иброҳими Сафоӣ, Аҳмади Хотамӣ), равия,ҷараён ва сабк(Маликукшшуъаро Баҳор) номидаанд. Вале ба назари мо бозгашти адабиро сабк номидан дуруст нест. Зеро тавре ки баъдтар хоҳем дид, аз лиҳози сабку услуб осори бадеии ин давра аз офаридаҳои сабкҳои хуросониву ироқӣ тафовути ҷиддие надорад.
Мароми асосии шоирони «Бозгашти адабӣ»-ро Сабоҳӣ дар яке аз қитъаҳои худ равшан баён намудааст :
Бувад тариқати мо иқтифои устодон, Ба ёвагӣ нарасад таъна бар ҳудоти тариқ Дар бобати аввалин шоире, ки асоси ин равияро гузоштааст ва ё дар ташаккули он бештар хидмат кардаст, дар асарҳои тадқиқотӣ фикру андешаҳои мухталиф баён шудаанд. Аз ҷумла Нусрати Таҷрибакор аз роҳнамоёни бозгашт "Ҳотифи Исфаҳониро муқаддам бар дигарон" мешуморад. Иброҳими Сафоӣ, Наҷотӣ ва Лутфалии Суратгар Фатҳалихони Саборо поягузор ва оғозкунандаи ин равия медонанд. Чанде аз донишмандон монанди Маликушшуаро Баҳор, Аббос Иқбол, Яҳё Ориянпур шоири намоёни нимаи аввали асри XVI11 Сайид Алии Муштоқро асосгузори бозгашти адабӣ шуморидаанд.

пешина
аз 625
навбатӣ