Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар ҳақиқат, Муштоқ на танҳо яке аз аввалин шоиронест, ки аз сабки ҳиндӣ рўй гардонда, ба пайравии сабкҳои қадим пардохтанд, балки ў дар шаҳри Исфаҳон анҷумани адабие ташкил намуда, шоиронро дар ин равия раҳнамоӣ ва ташвиқ мекард.
Маълумоти зерини тазкираи "Ҳадоиқулҷинон" Абдурраззоқи Дунбалӣ, ки Баҳор низ ба он такя намудааст, дурустии фикри охиринро тасдиқ мекунанд: "Чун бисоти чамани назм аз хаёлоти хоми Шавкат ва Соиб ва Ваҳид ва моюшобуҳу биҳим ва аз истиороти борида ва тамсилоти хунук лагадкўб шуд ва якборагӣ аз таровату равнақ афтод, Муштоқ ба тамошои гулзори назм омада ва тўмори сухансароии он ҷамъро чун ғунча ба ҳам печида ва бистоти назме, ки худ дар он соҳибсалиқа буд ва он равияи Замирӣ ва Назирӣ аст, бигустурданд. Ба сари шохсори сухан навоҳо сохт ва нағмаҳо пардохт. Андалебони хушнавои аср ўро муқтафо омаданд..." Озар низ дар «Оташкада» Муштоқро бунёдгузори Бозгашти адабӣ шуморида, таъкид мекунд, ки ў «асоси шоирии мутааххирро аз ҳам фурў рехта, бинои назми фусаҳои балоғатшиори мутақаддиминро таҷдид кард.» Бад ин минвол аксари муаллифони сарчашмаҳо ва муҳаққиқон бунёдгузори ин падидаро Муштоқи Исфаҳонӣ мешуморанд. Вале баъзе андешамандон амсоли Фатҳалихони Шайбонӣ Сабоҳиро бунёдгузори «Бозгашти адабӣ» шуморидаанд, ки «субҳи содиқи суханро боло кашид ва ба тариқи шуарои бостон қасоиде чанд ба назм овард.» Дарвоқеъ ҳарчанд Сабоҳии Бедгулӣ бунёдгузори «Бозгашти адабӣ» набуд, вале саҳми ў дар ташаккулу рушди он хеле бузург аст.Бесабаб нест, ки ҳамаи хусусиятҳои «Бозгашти адабӣ»-ро дар осори ў метавон мушоҳида кард.
Дар осори Сабоҳӣ ғазал ҷойгоҳи хос дорад. Ба маҳорати баланди ғазалсароиаш худи шоир ҳам ишора кардааст :

Сабоҳӣ аз ғазал имрўз дури ноб фишонам,
Ба хоб дўш ҳамоно ки лаъли ёр макидам.

Ҳарчанд Сабоҳӣ дар ғазалҳояш аз шоирони пешин ёд
накардааст ва ё мисраъу абёти онҳоро тазмин нанамудааст, вале
дар аксари ғазалҳои ў маъниву нуктаҳо, таъбиру ифодаҳо, тасвиру
оҳангҳои ғазалҳои онҳоро метавон мушоҳада кард.Дар ғазалҳои
Сабоҳӣ бештар таъсири ғазалҳои Саъдӣ, Ҳофиз ва Мавлоно
Ҷалолиддини Балхӣ ба назар мерасад. Ин таъсир на танҳо дар
соддагии баёну тасвирҳои бадеъи ҳамонанд, балки дар симои қаҳрамони ғазалҳои онҳо, ки ринди лоубол аст, зуҳур мекунад.

пешина
аз 625
навбатӣ