Равзанаи адаб

Ринди Сабоҳӣ низ ба шайхону зоҳидони риёкор ситеза дорад :
Эй шайх, риёист туро нангу аз ин
ном
Ман риндаму аз нисбати худ ор надорам.
Дар байти мазкур ба иловаи матлабу муҳтавои хоси ғазалҳои Саъдиву Ҳофиз таркибу ибораҳои маъмули ғазалҳои машҳури Мавлоно низ ба чашм мерасад .
Пайравии куллӣ ба шоирони пешин дар ғазалҳои шоирони дигари равияи Бозгашти адабӣ низ ба назар мерасад. Қисмати умдаи девони Сабоҳиро қасида ташкил медиҳад.
Аксари қасидаҳои шоир дар пайравӣ ба шоирони пешин навишта шудаанд. Дар зимни қасидаҳои шоир бар хилофи ғазалҳои ў ба шоироне, ки аз онҳо таъсир гирифтааст, ишора шудааст. Аз абёти зери қасоиди Сабоҳӣ бармеояд, ки ў ба қасидасароёни маъруф Унсурӣ, Фаррухӣ, Анварӣ, Азрақӣ, Ломеъӣ, Саноӣ, Мухторӣ, Муиззӣ, Хоқонӣ таваҷҷўҳ доштааст:
Водие чун Унсуриву Азрақӣ дар вай равон, Гулшане чун Анвариву Фаррухӣ дар вай ҳазор
Манзиле он ҷо Саноӣ Ломеъиро ҳамзабон, Маҳфиле Мухторӣ он ҷо бо Муиззӣ майгусор.
На нишотам ба назми Хоқонӣ,
На нигоҳам ба шеъри Мухторӣ.
Дар қасоиди Сабоҳӣ ҳамчунин иқтибоси мисраъу байтҳои шоирони пешин ба назар мерасад. Аз ҷумла дар зимни қасидае як байти Саъдӣ ба тариқи зайл нақл шудааст:
Шоҳиде аз Саъдӣ оварам, ки мазораш
Маҳбити анвори файз бод, ки фармуд :
«Дўст ба дунёву охират натвон дод,
Сўҳбати Юсуф беҳ аз дироҳими маъдуд».
Дар девони Сабоҳӣ шеъре таҳти унвони «Посухе манзум ба ду
тан аз ёрони хеш» мавҷуд аст, ки зоҳиран ба қасида монанд аст,
Шеъри мазкур аз 60 байт иборат буда, дорои тарзи қофиябандии
аа ба ва… аст. Вале мазмуну мўҳтаво ва сабки он ба талаботи навъи қасида ҷавобгў нестанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор