Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зиҳӣ андалебони боғи сухан,
Ки ҳастанд ҳар як гули анҷуман.

Сипас Фазлӣ ба мартабаи баланди шоъирон ва қадри сухан ишора менамояд ва суханвариро аз муҳимтарин фазилатҳои инсон мешуморад:

Пас аз анбиё шоъирон омаданд,
Ба мулки сухан комрон омаданд.
Дили шоъир албатта, бе шакку р
Бувад махзани ганҷи асрори ғай
Сухан ҷавҳари аҳли ирфон був
Ки файзи сухан фазли инсон бувад.

Дар воқеъ Амир Умархон, ки худ шоъири соҳибдевон буд ва бо тахаллуси Амир шеър мегуфт, ба шеъру шоъирӣ таваҷҷўҳи хеле зиёд дошт ва пайваста дар дарбор маҳфилҳои адабӣ баргузор менамуд,Ин ҳатто ба умури давлатдории ў халал ворид кардааст, ки дар ин бора Мирзо Муҳаммадҳусайн дар «Таърихи Насруллохон» навиштааст : «Умархон шабурўз масти бодаи ғафлат ва дар айшу ишрат буд ва аз олам хабар надошт, ки чӣ мегузарад.» Фазлӣ борҳо ба маҳорати баланди шоъирии Амир ишора намуда, ба забонҳои форсӣ ва туркӣ шеър навиштани ўро таъкид менамояд ва намунаҳо меорад :
Амир, он ки аз гавҳари назми он Мурассаъ бувад гўши донишварон…
Гаҳе шеър гўяд ба лафзи Аҷам, Даме назми туркӣ намояд рақам. Аз ишораҳои Фазлӣ маълум мегардад, ки Умархон ҷашну маҳфилҳоро на танҳо дар пойтахти хонии худ Хўқанд, балки дар шаҳру мавзеъҳои дигар низ баргузор менамудааст, Аз ҷумла аз байти зер бармеояд, ки дар шаҳри Тошканд низ ҷашне созмон додааст :

Ба ҷашне, ки орост дар Тошканд,
Зи ҷуди фаровон шаҳи арҷманд…

Ба хусус дар фасли баҳор амир шоиронро дар боғу
чаманзорҳо ҷамъ намуда, маҳфилҳо меорост ва шоъирон дар
пайравии ашъори ў ё мадҳу ситоишаш назираву тазминҳо ва мадҳияҳо месуруданд.

пешина
аз 625
навбатӣ