Равзанаи адаб

Дар тазкираи Фазлӣ бештар ҳамин гуна шеърҳои шоъирони давр ҷамъоварӣ шудаанд.
Қисмати асосии тазкира бо зикри Шайхулислом шурўъ мешавад. Ў ҳамчун шукўҳи илму адаб, устоди улуми динӣ муаррифӣ шуда, ҳам чунин аз илмҳои нуҷум, усул воқиф буданаш таъкид мешавад :
Бувад ғавси даврон, қутби замон,
Чароғи Намангону шамъи ҷаҳон…
Пас аз тавзеҳи мухтасари аҳволу осори шоъирон ашъори онҳо нақл мешавад. Дар бахши аввал асосан қасидаҳое, ки шоъирон дар мадҳи Амир Умархон навиштаанд ё дар пайравии қасоиду ў офаридаанд, оварда шудаанд.
Дар бахши дувуми тазкира қабл аз ҳама ду ғазали Амир ба забонҳои форсӣ ва туркӣ дарҷ гардида, сипас ғазалҳои ҷавобии шоъирони давр ба онҳо ба ду забон нақл мешаванд. Дар ин бахш ҳамчунин мухаммасҳои бар ғазалҳои форсиву туркии Бедил, Алишери Навоӣ, Лутфӣ, Соиб навиштаи Амир оварда мешаванд.
Сипас мухаммасҳои бар ғазали Амир навиштаи шоъирони давр амсоли Нола, Адо, Фазлӣ, Маъюс, Мир Асад, Нусрат, Хиҷлат, Беҳҷат Мушриф Хиҷлат Хотиф нақл мегарданд. Дар ин бахш ҳамчунин мусаддаси турки Мир Ҳусайнбек, мутассаъи форсии Фазлӣ, мустазодҳои Мир Асад, Нола, қитъаҳои таърихии Фазлӣ, Хиҷлат, Беҳҷат, 6-тоӣ рубоӣ аз Ҳозиқ, Хиҷлат, Хотиф, чанд муъаммои Адо, муфрадоти Султон Умар, Фазлӣ, Хиҷлат, Рифъат нақл гардидаанд. Дар қисмати мазкур Фазлӣ мушоъираи худро бо шоъира Маҳзуна низ ҷой додаааст. Дар поёни тазкира таърихи итмоми асар, ки ба қалами Беҳчат мансуб аст, нақл гардидааст.
Аз тавзеҳи охири китоб бармеояд, ки нашри сангии он аз рўйи нусхае, ки Абдуманноф қорӣ ибни Абдулваҳҳоб соли 1322 китобат намудааст, сурат гирифтааст.
Тавре ки зикр шуд, тазкираи «Маҷмуъаи шоъирон»-и Фазлии Намангонӣ ягона манбаъест, ки дар бораи адабиёти ҳавзаи Хўқанд дар охири қарни ХУ111 ва ибтидои қарни Х1Х иттилоъ медиҳад. Аз ин тазкира метавон роҷеъ ба вазъи адабиёт ба хусус дар дарбор, баъзе ҷанбаҳои аҳволу осори шоъирони давр, анвоъи маъмули шеъри он давра, хусусиятҳои сабки шоъирон ва амсоли инҳо иттилоъот ба даст овард. Фазлӣ дар аксари маворид дар бораи зодгоҳи шоъирон, пешаи онҳо, вазифаву симат, мартабаи шоъириву донишмандӣ, хислатҳои шахсӣ, тарзи зиндагӣ, хусусиятҳои ашъор, таърихи иншои баъзе шеърҳо, ҳусну қубҳи навиштаҳои онон маълумот медиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор