Равзанаи адаб

Тазкира дорои арзиши таърихӣ низ мебошад. Дар он шеърҳое мавҷуданд, ки ба ҳодисаву вақоеъи таърихии давр, сохтмони иншооти гуногун амсоли қасрҳо, мадрасаву масоҷид, пулу боғҳо ихтисос дода шудаанд. Масалан, Фазлӣ дар робита ба як ғазали Амир аз шўрише, ки даймоҳи соли 1237 дар Хўқанд ба вуқўъ пайвастааст, иттиллоъ додааст :
Ба таърихи ҳиҷрӣ тахайюл чу рафт,
Ҳазору дусад буд бо сӣ ҳафт,
Ба ҳангоми даймоҳ дар соли мор,
Ки аз гардиши даври лайлу наҳор…
Шаби чоршанбе ба ҳангоми шом
Зи ҳар кўча бархост ғавғои ъом…
Тавре ки зикр шуд, Фазлӣ намояндаи дарбор буда, асари
худро низ бо майлу хоҳиши амир таълиф кардааст ва табиист, ки
қабл аз ҳама манфиъатҳои ўро таъйид намудааст. Ситоиши
муболиғаомези Амир ва шоъирони дарбор, амсоли Вазир, Акмал,
Адо, Хиҷлат, Ҳотиф, Нола, Холис, Дабир, Беҳҷат, Нусрат ва
беэътиноиаш нисбат ба шоъирони берун аз дарбор чун
Гулханӣ, Махмур, Маъдан, Кошиф гувоҳи он мебошад. Аз мн
ҷост, ки аксари муҳаққиқон Фазлиро чун намоянда ва ҷонибдори
дарбори Амир Умархон муъаррифӣ кардаанд, ки комилан дуруст
аст. Вале баъзе муҳаққиқон, амсоли Азиз Қаюмов Фазлӣ ва
сойири шоъирони дарборро ба «адабиёти феодаливу
динӣ(клерикалӣ), ки ба манфиъати табақаи истисморгар хидмат
мекард» дохил намуда, онро ба «адабиёти равияи демокротӣ, ки ба
манфиъати оммаи халқи истисморшаванда ва зидди зулм,
ҷаҳорлат ва таъассуб қарор дошта» 10 муқобил мегузорад ва
ҷудоиву зиддияти шадиди онҳоро таъкид менамояд. Вале аксари
шоъироне, ки ў ба гурўҳи дувум дохил кардааст, амсоли Гулханӣ,
Ҳозиқ, Маъдан, Ғозӣ, Нодира ба дарбор мустақиман ва ё ба
воситае иртибот доштанд ва дар ситоиши Амир мадҳияҳо
навиштаанд . Ҳамчунин дар осори шоъирони дарбор танқиди
чоплусиву хушомадгўӣ ва дигар хислатҳои бадро метавон
мушоҳида кард. Аз ин рў ба назари мо комилан ба ду гурўҳи
мутаззод ҷудо кардани адибони ҳавзаи адабии Хўқанд дуруст
нест. Зеро андешаҳои башардўстиро метавон дар осори шоъирони
дарбор ва ҳатто худи Амир низ пайдо кард ва андешаҳои
дунёбезориву мадҳи чоплусона дар осори шоъирони берун аз
дарбор низ ба назар мерасанд. Шояд ҳамин гуна арзёбиҳои
якҷониба боиси он гаштаанд, ки то имрўз аҳволу осори Фазлӣ ва
махсусан, «Маҷмуъаи шоъирон»-и ў мавриди таҳқиқ қарор

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор