Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

нагирифтааст ва худи тазкира ҳам дар тўли беш аз як қарн дигар
ба табъ нарасидааст. Дар ҳоле ки чопу баррасии тазкираи
«Маҷмуъаи шоъирон» барои таҳқиқи адабиёти қарнҳои ХУ111 –
Х1Х манбаъи пурқимате маҳсуб мешавад
. Пайнавишт

  1. Азиз Қаюмов. Қўқон адабий муҳити,(ХУ111 –
    Х1Х асрлар), Тошкент, 1961, с. 66; Ҳомидҷон Ҳомидий,
    Маҳмуджон Маъмуров. Наманган адиблари, Ташкент,
    2007, с. 20.
  2. Фазлии Намангонӣ. Маҷмуатушшуаро,
    Тошкент, 1902, с. 6.

ҲАВЗАИ АДАБИИ ҲИСОР ВА БАЪЗЕ ВЕЖАГИҲОИ ОН

Адабиёти форсу тоҷик, ки бо унвонҳои “адабиёти

Эрон”,”адабиёти форсӣ” ё “порсии дарӣ” маъруф аст, аз
қадимтарин ва ғанитарин адабиётҳои олам аст, ки дар сарзамини
паҳноваре густариш пайдо карда, ба забонҳои гуногуни эронӣ дар

тӯли ҳазорсолаҳо арзи вуҷуд намудааст. Ин адабиёт то ибтидои
қарни Х ҳ./ХУ1 м. умумияту якпорчагии худро барои кулли
мардумони форсизабон нигоҳ доштааст. Вале пас аз фурӯпошии
давлати Темуриён дар Мовароуннаҳру Хуросон ва таъсиси
давлати Сафавиҳо дар Эрон ва давлати Шайбониҳо дар
Мовароуннаҳр ва ихтилофи шадиди сиёсиву мазҳабии онҳо ин
адабиёти ягонаву якпорча ба шохаҳо тақсим шуд. Дар радифи
марказҳои қадимии адабӣ амсоли Бухорову Самарқанд дар

шаҳрҳои хурду вилоятҳо низ доираву ҳавзаҳои адабӣ ба вуҷуд омаданд.

пешина
аз 625
навбатӣ