Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Яке аз муҳимтарин ҳавзаҳои адабии Мовароуннаҳр, ки дар рушди раванди адабиёти тоҷик таъсир гузоштааст, доираи адабии Ҳисор мебошад. Ҳарчанд таҳқиқи доираи адабии Ҳисор низ мисли таърихи адабиёти асрҳои ХУ1 - Х1Х тоҷик дар қарни ХХ бо “Намунаи адабиёти тоҷик”- и устод Садриддин Айнӣ шурӯъ шудааст, вале он ҳанӯз ба қадри кофӣ мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст. Дар ҷамъоварӣ ва таҳқиқи осори шоирони доираи адабии мазкур хидмати шоир Абдусалом Деҳотӣ, ки дар “Намунаҳои адабиёти тоҷик” дар бораи аҳволу осори Ҳасрат, Парии Ҳисорӣ ва Бобо Ирсии Ҳисорӣ сухан рондааст ва ба хусус ду донишманди маъруфи тоҷик А. Мухторов ва А. Ҳабибов хеле назарррас мебошад. Агар А. Мухторов бештар ба баррасии масъалаҳои таъриху фарҳанг машғул гардида, зимнан ба осори шоирони ин маҳал таваҷҷӯҳ зоҳир карда бошад, пас А. Ҳабибов дар тӯли солиёни зиёд осори парешони шоирони ин доираро аз баёзу тазкираҳо ва дигар манобеи адабиву таърихии маҳфуз дар китобхонаҳои мухталифи олам ҷамъ оварда, бо шарҳи ҳолашон дар маҷмӯаҳои “Мероси адабии шоирони Ҳисор”, “Аз ганҷинаи адабии Ҳисор” ба табъ расондааст ва дар рисолаи “Доираҳои адабии Бухорои Шарқӣ” ва мақолаҳои зиёд мавриди баррасӣ қарор додааст. Вале аз чӣ сабаб бошад, ки ӯ ба намояндаи барҷастаи доираи адабии Ҳисор дар қарни Х1Х Карим- Девона, ки Ҳабибулло Назаров бо талошу заҳматҳои зиёд осори парешони ӯро ҷамъ оварда, нашр намудааст, таваҷҷӯҳе зоҳир накардааст.
Ҳамчунин ҳанӯз ному осори шоирони зиёди ин водӣ ба хусус намояндагони қарнҳои ХУ1 - ХУ11 кашф нашудаанд. Аз ин рӯ ҷамъоварии осори онон аз тазкираҳову таърихномаҳо ва таҳлилу таҳқиқи муҳтаво ва зебошинохтии онҳо зарур мебошад. Зеро тавре ки А. Ҳабибов дуруст таъкид кардааст, “адабиёти тоҷикро бе тадқиқи доираҳои гуногуни адабӣ, махсусан бе тадқиқи доираи адабии Ҳисор тасаввур намудан маҳол аст”. Дар ин мақола саъй мешавад бар мабнои маводи ҷамъоварӣ шуда, баъзе ҷанбаҳо ва вежагиҳои доираи адабии мазкур мавриди баррасӣ қарор гирад.

пешина
аз 625
навбатӣ