Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳисор сарзамини бостониест, ки дар чаҳорроҳи Ҷодаи Абрешим қарор гирифта, аз замонҳои қадим яке аз марокизи муҳими иқтисодиву тиҷоратӣ, ҳунармандиву фарҳангии Мовароуннаҳр маҳсуб мешуд. Шаҳри Ҳисор ва навоҳии атрофи он дар қарнҳои ХУ1 - Х1Х ҳарчанд дар тобеъияти аморати Бухоро буд, вале дарвоқеъ кишвари мустақил ба шумор мерафт.“Барои Бухоро мулки Ҳисор мақоми хоса дошт. Бинобар он амир Музаффар(1860 - 1885) писараш Абдулмӯъминро ҳокими Ҳисор таъин кард…Абдулаҳадхон(1885 - 1910) бародарашро аз ҳукумати Ҳисор азл намуда, ба ҷои ӯ Остонақул қушбегиро ҳоким таъин намуд.” Ҳамчунин А.Мухторов таъкид мекунад, ки “дар ҳамаи асрҳо мулки Ҳисор дар мадди назари подшоҳони Ҳироту Балх, Бухорову Самарқанд ва дигар ҳамсоягонаш буд.” Ҳисор бо муассисоти фарҳангӣ ва аҳли илму адаби худ низ шӯҳрат дошт.
Тавре ки дар “Таърихи Ҳумоюн”-и Муҳаммадсиддиқи Гулшанӣ омадааст, “аҳли илм ва талабаи ин вилоят бисёр фаровон аст, мутаҷовиз аз 10 ҳазор нафар талаба мавҷуд аст.” На танҳо дар шаҳри Ҳисор, балки дар Қаратоғу Деҳнав ва шаҳраку навоҳии дигар низ мактабу мадрасаҳо вуҷуд доштаанд. Тавре ки А.Мухторов ба субут расондааст, дар миёни ҳокимони Ҳисор ашхоси илму адабдӯст низ буданд, ки дар рушди фарҳанги кишвар саҳм гузоштаанд. Аз ҷумла Мутрибӣ дар бораи ҳокими Ҳисор Ҳошим Султон навиштааст: ”Чунин гӯянд, ки шоҳзодаи мазкур бағоят муҳибби фузало ва шуаро буда…умарои соҳибфазлро бағоят дӯст медошта ва риоятҳои хуб менамуда.” Ҳокими дигаре, ки дар ободонии кишвар ва пешрафти илму адаб талоши зиёд ба харҷ додааст, Остонақул қушбегӣ аст. Ӯ дар тӯли беш аз 20 соли ҳукмрониаш 7 маротиба ба Русия сафар карда, бо Аҳмади Дониш дар аксар маворид ҳамандеша будааст. Роҷеъ ба илму адабдӯстӣ ва хислатҳои ҳамидаи ӯ дар манобеъ сухан рафтааст. Аз ҷумла Мирзо Азими Сомӣ дар тавсифи ӯ дар “Таърихи амирони манғития” навиштааст: “Марди карулуннафс, соҳиби хайроту мубаррот буда, мардуми бисёр аз ин диёр ва дигар амсор аз осори эҳсон ва карами ӯ баҳраманд мебуданд.” Сомӣ дар асари дигари худ “Миръотулхаёл” дар бораи ҳокими Ҳисор Мир Яъқуби Кибор сухан ронда, ба шоирон таваҷҷӯҳи зиёд доштани ӯ ва барпо кардани маросимеро таҳти унвони “сайри китоб” ёдовар шудааст.

пешина
аз 625
навбатӣ