Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳокими маъруфи Ҳисор Абдулкаримхон низ ба шоирон таваҷҷӯҳи зиёд доштааст ва беваҷҳ нест, ки Парии Ҳисорӣ “Зафарнома” ва Мавзун “Маснавӣ”-и худро ба ӯ эҳдо намудаанд. Аз ҷумла Мавзун дар зимни мадҳи ӯ маҳз ба таваҷҷӯҳаш ба аҳли илму адаб ишора кардааст:

Ба аҳди ин амири соҳибэҳсон,
Ки ҳаст номи хушаш Абдулкаримхон...
Ба аҳли фазл эҳсонаш касир аст,
Ба ҳар бечора доим дастгир аст.

Чанде аз ҳокимони Ҳисор амсоли Ҳошим Султон, Абдол Султон, Султоншоҳ Мирзо дорои табъи шоирӣ буда, намунаҳои ашъорашон дар манобеъ мавҷуд аст. Ин омилҳо бешак барои ташаккулу пешрафти ҳавзаи адабии Ҳисор мусоидат намудаанд. А.
Мухторов дар мақолаи “Аҳли илму маърифати Ҳисор” дар бораи як гурӯҳ донишмандону хаттотон ва аҳли маърифати он маълумот дода, таъкид менамояд, ки мутаасифона, аксари осори онҳо боқӣ намондааст. Аз адибони асрҳои ХУ1 - ХУ11 низ ному осори хеле кам то ба мо расидааст. А. Ҳабибов аз рӯи маълумоти тазкираҳо шарҳи ҳоли мухтасари чанде аз шоирони ин давраро оварда, вазъи ҳаёти адабиро чунин ба қалам додааст: “…Дар асрҳои ХУ1 ва ХУ11 дар Ҳисор доираи адабии хеле бақуввате вуҷуд доштааст.
Вале пас аз забт шудани Мовароуннаҳр аз тарафи Абдуллохони Шайбонӣ зулму кушокушӣ дар тамоми Осиёи Миёна, аз ҷумла дар Ҳисор хеле авҷ гирифта буд, ки шоирон шароити мусоид ба кори эҷодӣ ёфта наметавонистанд, бештари онҳо роҳи ҳиҷрат ба Ҳиндустонро пеш гирифтанд”. Дар ҳақиқат, чунонки баъдтар дар мавридаш низ хоҳем дид, Ҳисор бо Бухоро, Ҳирот, Ҳиндустон ва шаҳру кишварҳои дигар робитаи қавии адабӣ доштааст.

пешина
аз 625
навбатӣ