Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

А Мухторов аз асарҳои Мутрибӣ роҷеъ ба 5 шоири ҳисорӣ дар қарни ХУ1 маълумот ба даст овардааст, ки 2 нафарашон (Мулло Ҳисорӣ ва Ғаюрии Ҳисорӣ) ба Ҳинд, як нафар(Ҳуҷумии Ҳисорӣ) ба Бухоро ва як нафар(Муштоқи Ҳисорӣ) ба Балх рафта зиндагӣ кардаанд.
Шояд аксари шоирони мазкур барои беҳтар намудани вазъи моддии зиндагӣ сафар карда бошанд. Вале омили дигари сафари онҳо пайдо кардани муштарии шеър ва нишон додани маҳорати шоирӣ ва ба даст овардани мақому шӯҳрат ҳам будааст. Дар ин бора худи Мулло Ҳисорӣ навиштааст:

Муфлис ба мулки Ҳинд пайи иззу ҷоҳ рафт,
Охир зи мулки Ҳинд ба рӯзи сиёҳ рафт.

Дар қарнҳои ХУ11 - Х1Х низ шоирони зиёде бо сабабҳои гуногун ватани худ Ҳисорро тарк намуда, ба шаҳру кишварҳои дигар, ба хусус Ҳиндустон сафар кардаанд. Аз ҷумла шоири асри ХУ11 Хиргоҳии Ҳисорӣ пас аз пайдо кардани шӯҳрати шоирӣ ба Балх рафта, сипас ба Марғелону Кеш сафар кардааст.
Ниҳоят ӯ ба Ҳиндустон рафта, дар дарбори Акбар соҳиби мансабу эътибор гардидааст. Тавре ки дар “Тазкираи Мутрибӣ” омадааст, Хиргоҳӣ ҳанӯз ҳангоми дар Мовароуннаҳр буданаш бо шоирони Эрон Валии Даштибаёзӣ ва Мӯҳташами Кошонӣ мукотиба дошта, рубоии онҳоро ҷавоб гуфтааст. Музмар ба иллати ранҷише зодгоҳашро тарк намуда, ба Хуқанд рафта дар дарбори Умархон хидмат кардааст. Дар ин бора Фазлии Намангонӣ дар тазкираи манзуми худ навиштаст :

Бувад Музмар аз хоки мулки Ҳисор,
Рамида дили ӯ зи ёру диёр. Шоири ҳисорӣ Банда барои таҳсил ба Бухоро рафта, сипас соҳиби мансабҳои баланди мударрис, муфтӣ, қозӣ шуда, то поёни умр дар ҳамон ҷо зиндагӣ кардааст.

пешина
аз 625
навбатӣ