Равзанаи адаб

Розии Ҳисорӣ низ бо ҳадафи идомаи таҳсил ба Бухоро сафар намуда, аз он ҷо ба Ургут рафта сукунат ихтиёр кардааст.Ин ҳолат дар асрҳои баъд низ то ибтидои қарни ХХ идома доштааст.
А. Ҳабибов дар натиҷаи ҷустуҷӯйҳои зиёд дар китобхонаҳои гуногун аз баёзу тазкираҳо ва манобеи дигари хаттӣ ба дарёфти иттиллот роҷеъ ба аҳволи 30 тан аз шоирони қуруни ХУ11 - Х1Х муваффақ шуда, намунаҳои осори онҳоро ҷамъ овардааст, ки дар маҷмӯаҳои “Мероси адабии шоирони Ҳисор” ва “Аз ганҷинаи адабии Ҳисор” ба табъ расидаанд. Агар аз баъзе шоирон амсоли Хатиб, Ғамгин, Холӣ, Бисмил, Ушшоқ, Ғарибӣ, Туфайлӣ, Хуррамӣ, Ғайюрӣ, Хоксорӣ фақат чанд пораи пароканда боқӣ монда бошад, хушбахтона, аз Фориғи Ҳисорӣ Девоне, ки бо қалами худаш китобат шудааст, аз Мавзун маснавии ӯ ба таври мукаммал, аз Ҳасрат, Ирсӣ, Мирзо Бобо, Ҷазбӣ намунаҳои бештари назму насрашон дар дастрас аст. Дар асоси маводи мазкур метавон масоили гуногуни адабиёти ҳавзаи Ҳисорро ба хусус дар қарнҳои ХУ11 - Х1Х мавриди баррасӣ қарор дод.
Тавре ки зикр шуд, тарки ватан кардани шоирон, ки пеш аз ҳама ба вазъи ногувори рӯзгори онҳо марбут аст, дар Мовароуннаҳр дар ин давра хеле маъмул буд. Аз ин ҷост, ки дар осори боқимондаи шоирони доираи адабии Ҳисор тасвири вазъи бади зиндагии мардум, нодориву қашшоқии онҳо бештар ба назар мерасад. Ин мавзӯъ, ба хусус дар осори Ҳасрати Ҳисорӣ, ки нисбат ба ашъори шоирони дигар бештар то ба мо расидааст ва беш аз 1100 байтро дар бар мегирад, ҷойгоҳи хос дорад. Ҳатто тахаллуси шоир Ҳасрат ҳам бозгӯи вазъи моддиву равонии ӯ мебошад. Дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор