Равзанаи адаб

ғазали зери ӯ ғаму андӯҳ аз вазъи ногувори зиндагии мардум хеле муассир ба қалам омадааст :
Ба шоми бекасӣ ҷуз ғам ғарибонро кӣ мепурсад ?
Ба ғайр аз дард ҳоли дардмандонро кӣ мепурсад ?
Ба ҷуз ашк аз ҷабинам гарди мазлумӣ кӣ мешӯяд ?
Ба ҷуз хуноби ҳасрат чашми гирёнро кӣ мепурсад ?
Сипоҳи лашкари андӯҳ бар ҷонам шабохун зад,
Дар ин ғорат парешонрӯзгоронро кӣ мепурсад ?
Фитода дар таҳи девори Ҳасрат мо ғарибонем,
Ғарибу хоксору хонавайронро кӣ мепурсад ?
Ирсӣ низ аз вазъи бади зиндагӣ, бенавоиву қашшоқӣ шикоят мекунад ва ба хусус дучори ранҷу азоб гардидани одамони хубро таъкид менамояд :
Намедонам чӣ созам дар ҷаҳон бо доғи нобудӣ,
Илоҳӣ, гум шавад дар ҳар ду олам номи нобудӣ…
Чу хубони ҷаҳонро бин дар ин (дунёи) дунпарвар,
Лагадкӯби ҷаҳону хору зор аз номи нобудӣ.
Дар ғазали зер Фориғ хориву зорӣ, мусибату бадбахтӣ, ғарибиву дарбадарии худро ба қалам додааст, ки ин, албатта, на танҳо вазъи ӯ, балки ҳоли соири мардуми бенаворо дар он даврон нишон медиҳад :
Ба хокафтодаи хору заифу зор ман бошам,
Ҳақиру бенавову хаставу афгор ман бошам.
Мусибатдидаву мотамкашида, хунидилхӯрда,
Наҳифу кулфатандуду ба меҳнат ёр ман бошам.
Ғарибу дарбадар чун абр орам рӯ ба пастиҳо,
Ба табъи соф чун оина дар зангор ман бошам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор