Равзанаи адаб

Ба асри тирабахтӣ сояи парвардаи шомам,
Ба ранги чашми анҷум то саҳар бедор ман бошам.
Чу гандум синачокам з-осиёи чархи дунпарвар,
Зи аҳди Одам аз ҷаннат бурун ночор ман бошам…
Шоирони мазкур сабаби бадбахтиву мусибати рӯзгорашонро асосан аз ҷабри гардун медонистанд. Аз ҷумла Ҳасрат мегӯяд :
Аз ҷабри гардун в-аз зулми даврон
Афтода бар сар рӯзи сиёҳе.
Рӯзи сиёҳи мардуми қашшоқу бенаво дар ашъори боқимондаи шоири поёни қарни Х1Х ва ибтидои қарни ХХ Карим- Девона, ки бо кӯшишу заҳматҳои Ҳ. Назаров ҷамъоварӣ шудааст, ба таври хеле барҷаста тасвир ёфтааст. Ӯ вазъи воқеии рӯзгори худро ба қалам дода, бехонаву дар, бекасу танҳо буданашро таъкид менамояд :
Рӯзи сиёҳе бар сарам,
Умре гадои ҳар дарам.
Сад арза дорам дар бағал,
Бо кӣ диҳам, бо кӣ барам ?…
Номам Карим-Девона шуд,
Бахти бадам ҳамхона шуд,
Ҷову макон монанди чуғз
Дар ҳар ҷару вайрона шуд…
Дар шеъри дигар бар асари қаҳтиву гуруснагӣ хонаҳоро тарк карда, ба ҷустуҷӯи гиёҳи тактак рафтани мардум ва аз хӯрдани он бемор шуданашон тасвир шудааст, ки хеле риққатовар аст. Карим- Девона низ дар аввал ин ҳама вазъи ногувору зулму ситамро мисли шоирони дигар аз фалаку тақдир медонист :

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор