Равзанаи адаб

Надонам, эй фалак, аз чӣ сабаб дорӣ ба мо кина,
Задӣ ту беҳаё моро ҳазорон хор дар сина.
Зи ту ҷабру зи ту зулму зи ту макру зи ту тазвир,
Ба сад найранг андохтӣ ба дасту пои мо занҷир.
- х -
Ҳар куҷо бечора мазлум нолаҳои зор кард,
Ҳолати дигар набудаш, такя бар девор кард.
Дар ҷаҳон зулму ситамро Ҳақ ба моён ёр кард,
Ман зи дасти ин фалак дорам шикоятҳо ҳазор.
Аз мутолиаи шеърҳои дар ибтидои қарни ХХ офаридаи Карим Девона пайдост, ки дар ҷаҳонбиниву ҷаҳонфаҳмии ӯ таҳаввулоту тағйироти ҷиддӣ ба вуҷуд омадааст. Ӯ акнун дарк менамояд, ки сабабгори бадбахтии мардум пеш аз ҳама золимони давр мебошанд. Дар марсияи Абдулмаҷид аз забони ӯ сабабгори зулму ситамро чунин ба қалам додааст:
Дареғо, вой бар умрам, ки бо дарду алам бигзашт,
Шабу рӯзи сиёҳи ман ба сад коҳишу ғам бигзашт.
Зи дасти золимони давр ба ман ҷабру ситам бигзашт,
Бизад бар синаам ханҷар, зи дилу ҷигарам бигзашт,
Ки ман кардам аз ин олам ба онаш ихтиёр имрӯз.
Дар шеъри ба зилзилаи Қаратоғ ихтисос додаи шоир, ки соли 1907 гуфта шудааст, ба баҳонаи ин зилзилаи мудҳиш фисқу фасод, зулму ситам ва кирдори ношоистаи сарватмандону ҳокимон фош гардида, вуқуи ин ҳодисаи мудҳиш ҳам ба фасодии ахлоқии онҳо марбут дониста мешавад :
Аҳли фақр доим ба меҳнат кард иморатҳо бино,
Ҳокимони мулк ҳастанд фосиқу аҳли зино,
Нест адл бар ҳокиму бо қозиаш шарму ҳаё,
Эй Худоё, золимон гарданд гирифтори бало.
Баъзе онҳо хӯрд арақ, бар даст гирифт ҷоми шароб, Банд гардид кӯчаҳо аз касрати бангу шароб.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор