Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шайху муллою сипоҳ ин мулкро карданд хароб,
Во дареғ, шаҳри Қаратоғ сарбасар гардид хароб…

Золимон аз ранҷи мазлум молу сим оранд ба каф, Монда зор амбори гандум, бедаву коҳу алаф.
Раҳм аз доро бирафту ҷумла дилозор шуд, З-ин сабаб ҳам аз раиси мо Худо безор шуд. Дар силсилаи ашъори мазкур шоир шӯриши Ҳисорро ба қалам дода, амалдорони мулкро бо зикри ному мансабашон бо алфози қабеҳу дурушт танқиду мазаммат менамояд ва онҳоро ҳатто ба ҳайвонот монанд мекунад:

Баҳри қатли камбағалҳо рӯй оварданд ба ҷанг,
Бузи қӯтур муфтию қозикалон рӯбоҳи ланг.

  • х -
    Он Расул Чақир ба қушуни Язид сардор шуд,
    Мӯъмину бохайр буд, акнун саги мурдор шуд…

Ниҳоят Карим-Девона ба натиҷае мерасад, ки сабабгори асосии ҳамаи бадбахтиҳои мардум ва харобии кишвар худи шоҳ аст. Дар зимни шеъре, ки харобии дашти Боботонро тасвир мекунад, шоир ошкоро алайҳи шоҳ ситез намуда, ӯро ба айшпарастӣ ва бехабарӣ аз ҳоли мардуму кишвар айбдор мекунад ва фитнагар меномад :
Бо ту мегӯям, шунав, эй подшоҳи фитнагар, То ба кай сармасти айшастӣ зи дунё бехабар !

Ӯ дар ғазали дигар шоҳро мухотаб қарор дода, ногузир будани вожгунии ҳукумати вай ва соҳиби давлат шудани бенавоёнро пешгӯӣ мекунад :

Ин ҳама зулматсарои ту шавад охир хароб,
Ваҳшати сели бало аз оби чашмони ман аст…

пешина
аз 625
навбатӣ