Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Давр меронӣ адӯ, имрӯз даврони ту аст,
Мешавад фардо, бидон, фардош даврони ман аст.
Тиру тӯпу лашкару зиндон дорӣ, подшоҳ,
Оҳи сӯзон, ашки резон тиру пайкони ман аст.

Пай бурдан душвор нест, ки ҳодисаҳои муҳимми сиёсие, ки дар ибтидои қарни ХХ бар асари Инқилоби аввали рус дар Мовароуннаҳр ба вуқуъ пайвастанд, ба шоир асар гузоштаанд.
Чунонки Ҳ. Назаров гувоҳӣ медиҳад, “Карим-Девона бо маорифпарварони давраи худ, бо одамони пешқадами(пешрави) водии Вахш ва Ҳисор алоқаи зич(робитаи танготанг) доштааст.”
25 Натиҷаи ҳамин аст, ки ҷаҳонбинии Карим- Девона хеле васеъ шуда, ӯ ба ҳодисаҳои табииву иҷтимоӣ бо диди тоза менигарад ва онҳоро ба манфиати мардум арзёбӣ менамояд. Дар силсилашеърҳои “Шӯриши Ҳисор”, ки дарвоқеъ қуллаи баланди осори шоир аст, пеш аз ҳама вазъи ошуфтаву ноороми кишвар дар ибтидои қарни ХХ тасвир шудааст. Пас аз зилзилаи даҳшатангез, ки боиси ҳалокати ҳазорҳо мардуми бегуноҳ ва харобии чандин шаҳру деҳот гардид, аҳволи мардум хеле бад шуд. Вале шоҳу ҳоким ва амалдорон барои ободонии кишвар ва беҳтар намудани вазъи мардум тадбире намеандишиданд. Аз ин ҷост, ки дар саросари Ҳисор алайҳи сарватмандону амалдорон шӯриш ба амал омад. Сабаби сар задани шӯришро шоир чунин ба қалам додааст :

Шаҳаншоҳе, ки лоиқ нест номаш, мурданаш матлаб,
Шудаст ғозӣ амир Абдулаҳадхон соҳиби мансаб.

Замин дар ларза омад чил шабу чил рӯз пайваста,
Ба шаҳр не коху айвон монд, не дукону не раста.
Ба дарбораш равад соил, бигӯянд мир дар хоб аст.

Ба пеши қозӣ ояд, ноибон гӯянд: “Бетоб аст.”

пешина
аз 625
навбатӣ