Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дилам аз бетамизиҳояшон як кӯза зардоб аст,
Қасам, билло, раису миру қозӣ мурданибоб аст.

Куҷо шуд муфтӣ Қурбону чӣ шуд фатвову девонаш,
Куҷо шуд хирмани кӯкнорашу хирвори афюнаш ?

Низомиддин мирохур ку ? Канӣ он базму давронаш ?
Аҷал бигрифтааст имрӯз аз ҷайби гиребонаш.

Ба ҷои ошу нон онҳо шаробу бӯза мехӯрданд,
Ба нимрӯзӣ кабобу шаккару самбӯса мехӯрданд.

Аз ин боис ғазаб аввал ба ҷамъи ҳокимон омад,
Ба онҳо марги нимрӯзӣ ба ҷои ошу нон омад…

Дар шеъри мазкур ғазабу эътирози мардум ба шоҳу амалдорон, ки боиси бадбахтии мардум буданд, ба таври мушаххас ва муассир баён шудааст. Дар ин шеър рӯҳияву неруи инқилобии мардум ба қалам омадааст. Инро тасвири ҷанг ҳам ба субут мерасонад. Тавре ки маълум аст, шуришро сипоҳиёни мусаллаҳи амир хомӯш намуданд. Вале дар шеър ғалабаи мардум бар золимон тасвир шуда, он рӯҳияи некбинона дорад, ки аз байтҳои зерин ҳам инро пай бурдан душвор нест :

Золимонро ман чӣ гӯям, ҳам Худо зад, ҳам фалак,
Мурдаи золим фитод дар кӯчаҳо монанди саг…
Аҳли золим чанг зад бар оташи нори ҷаҳим,
Буд Қосимхӯҷа нарсаг, ҳам девонбегӣ Насим…

Силсилаи “Шӯриши Ҳисор” и Карим-Девонаро, ки аз
шеърҳои “Зилзилаи Қаратоғ”, “Баъд аз зилзилаи Қаратоғ”, “Қатл
дар Душанбе” ва “Табли ҷанг” иборат аст, метавон аз аввалин шеърҳои инқилобии на танҳо ҳавзаи адабии Ҳисор, балки умуман адабиёти тоҷик маҳсуб донист.

пешина
аз 625
навбатӣ