Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар осори шоирони Ҳисор мавзӯи ғарибӣ ҷойгоҳи хос дошта, нисбат ба осори шоирони қарнҳои пешин бештар ва муассиртар ба назар мерасад, ки беваҷҳ нест. Ин бешак ба вазъи зиндагии мардум ва ба хусус аҳли илму адаб иртиботи қавӣ дорад. Зеро, тавре ки қаблан зикр шуд, ба иллати бадии вазъи рӯзгор, набудани маҳалли хуби кор ва сарпарасту муштарии шеър онҳо маҷбур буданд, ки ватанро т арк намуда, барои ҷустуҷӯи ризқу рӯзӣ ба шаҳру кишварҳои дигар сафар кунанд.
Дар осори боқимондаи Ҷазбӣ ғазалҳое ба назар мерасанд, ки саросар шикоят аз ғурбату ҷудоиро дар бар мегиранд. Шоир дар ғазали зер ғаму дарди ғарибӣ ва ранҷу азоби ғарибонро ба таври хеле муассир ба қалам дода, ба ҳамватанонаш хитоб менамояд, ки ҳеч гоҳ ватанро тарк насозанд :

Зи ғурбатам ба ватан орзуи бисёр аст,
Дили аламзадаи ман зи ҳаҷр афгор аст.
Зи ғусса шуд ҷигарам пора-пора ҳамчун гул,
Ки хуни дидаи ман сурх чун гули нор аст.
Касе, ки пой бурун мениҳад зи кишвари хеш,
Агарчи Юсуфи Мисрӣ бувад, дар озор аст .
Ғариб ба масал тоҷи зар ниҳад бар сар,
Вале чӣ суд ба зиндони ғам гирифтор аст…
Марав ба ғурбату айши ватан ғанимат дон,
Асири кишвари ғурбат ҳамеша бемор аст.
Ба ҳоли зори ғарибон агар назар созӣ,
Ки ранги чеҳраашон зард чун гули хор аст.
Қадам бурун манеҳ аз кулбаи ватан, Ҷазбӣ,
Ки доғи меҳнати ҳиҷрон зи марг душвор аст. Дар ғазалҳои Ҳасрат низ бештар лаҳзаҳои ғурбату ҷудоӣ ба қалам омадааст.

пешина
аз 625
навбатӣ