Равзанаи адаб

Аз мақтаи зери яке аз ғазалҳои шоир пай бурдан душвор нест, ки он дар ҳоли ғарибӣ офарида шудааст, зеро ҳолу рӯҳияи ғарибро ба таври муҷаз таҷассум менамояд :
Ранги ҳасрат, бӯи кулфат, хоки ғурбат, гарди ғам,
Ин ҳама аз дурии нақши кафи пои туам.
Ғурбату ҷудоӣ аз диёр эҳсоси ватандӯстии шоиронро афзун намуда, боиси суруда шудани як идда ашъори ватандӯстӣ гардид.
Ҷазбӣ дар ғазали зер меҳру муҳаббати зиёдашро ба ватан иброз намуда, дурӣ аз ватанро ба ҳеч кас орзу намекунад. Ватан барои шоир аз ҳама чиз азизу муътабар аст:
Дар дил маро ҳавои ватан ҷо гирифтааст,
Чун булбуле, ки домани саҳро гирифтааст.
Ҳаргиз мабод ҳеч касе дур аз ватан,
Юсуф чӣ ҳаз зи мисри Зулайхо гирифтааст ?
Боду ҳавои хоки ватан мекунад ҳанӯз
Бо он макон, ки ҳазрати Исо гирифтааст.
Айши ватан зи салтанати Ҷам бартар аст,
Хуш он касе, ки хӯй ба як ҷо гирифтааст…
Ашъори Карим Девона низ саршори эҳсоси ватандӯстӣ мебошад. Барои ӯ меҳри ватан аз ҳама авлотар аст. Бо он ки шоир дар ватан бо хориву зорӣ ва ранҷу азоб умр ба сар мебарад, онро хеле дӯст медорад ва дурӣ аз ватан барояш ниҳоят душвор аст :
Ҳамон рӯзе, ки аз мулки ватан дурам, беморам,
Наосудам ба як манзил, ба ҷунбиш ҳаст рафторам. Дар осори боқимондаи шоирони ҳавзаи Ҳисор бозтоби мавзӯъ ва масоили мухталифи иҷтимоиву ахлоқӣ амсоли шикоят аз замону фалак, шикоят аз беқадрии илму ҳунар, шикоят аз зулму ситами қишри ҳукмрони ҷомеа, инъикоси воқеаҳои сиёсиву иҷтимоии давр, ҳаҷву танқиди амалдорону зоҳидони риёкор, панду насиҳат, мадҳу фахрия, тасвири табиат, масъалаҳои ишқу ошиқӣ ва ҳоказо низ ба назар мерасад, ки дар ин бора А.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор