Равзанаи адаб

Ҳабибов дар асари худ “Доираҳои адабии Бухорои Шарқӣ” таваққуф намуда, аз шоирони Ҳисор низ баъзе намунаҳоро мавриди баррасӣ қарор додааст. Аз ин рӯ аз таҳлили масоили мазкур худдорӣ намуда, танҳо ин нуктаро ёдрас менамоем, ки мавзӯоти ашъори шуарои ҳавзаи Ҳисор бо масоили фавқ маҳдуд намешавад. Тавре ки зикр шуд, адабиёт дар ин давра ба рӯзгори мардум хеле наздик гардид ва дарвоқеъ ба оинаи ҳаёти мардум табдил ёфт. Аз ин ҷост, ки дар осори шоирон тасвири ҳар гуна ҳодисаву ашёъеро, ки дар гузашта дар шеър, ба хусус ғазал ноҷоиз буд, метавон мушоҳида кард.
Масалан, дар ғазалиёти Ҷазбӣ аз наъти Худо(Рӯзу шаб вирди забон номи Худо бошад маро, Мӯниси ҷон ҳар нафас ҳамду сано бошад маро) ва пайғамбар(Дар дил маро ҳамеша хаёли Муҳаммад аст, Ҷонро ҳавои базми висоли Муҳаммад аст) шуруъ намуда, то васфи баҳор(Омад баҳору фасли гулу лолазор шуд, Аз бӯйи гул тамоми ҷаҳон мушкбор шуд), сӯгвории яке аз наздикон(Як гуле аз гулшани боғи ҷаҳон гум кардаам, Булбули мастам, ки роҳи бӯстон гум кардаам), панду насиҳат(Ҳайфи умри ту, ки бе ёди Худо мебошӣ, Рӯзу шаб дар пайи ин нафсу ҳаво мебошӣ) ва амсоли инҳо ба назар мерасад.
Тасвири ҳодисаву воқеаҳо ва ашхосу ашёъи мушаххас дар осори шоирони Ҳисор хеле зиёд аст. Масалан, зилзилаи Қаратоғ, ки 14 рамазони соли 1325/ 8 октябри соли 1907 ба вуқуъ пайваст ва боиси ҳалокати беш аз 15 ҳазор нафар гардид, дар ашъори шоирон бо ҷузъиёташ бозтоб ёфтааст. Шоир Хатиб ин ҳодисаи мудҳишро чунин ба қалам додааст :

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор