Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Замин дар ларза омад чил шабу чил рӯз пайваста,
Ба шаҳр не коху айвон монд, не дукону не раста.
На масҷид монду не саҳлу не пештоқу не васса,
Халоиқ беадад мурданд аз ин асрори сарбаста…

Тавре ки дар фавқ зикр шуд, зилзилаи Қаратоғро Карим- Девона низ хеле батафсил тасвир намудааст. Ӯ ҳамчунин зилзилаи Андиҷонро бо баъзе ҷузъиёт ба қалам дода, зимнан ба оқибати он, аз ҷумла арқоми кушташудагон(4558 нафар), нобуд гаштани амвол ба мабдағи нӯҳ миллиону панҷ лак сум, фавти 6000 ҳайвон ва ҳоказо ишора намудааст.Тасвири мушаххас дар шеърҳои дигари Карим-Девона низ ба назар мерасад. Масалан, дар шеъри “Тӯй дар Қарасирт” номи ҳафт шахс зикр ёфтааст. Дар шеъри “Муллоҳои фиребгар”шахсони воқеӣ бо зикри номашон(Мулло Сафар, Маҳмадалии Ашқар, Мулло Имом) мавриди мазаммат қарор гирифтаанд. Ин ҳама аз қавӣ шудани тамоюли воқеъгароиву ҳақиқатбаёнӣ дар осори шоирони ин давра гувоҳӣ медиҳад.
Роҷеъ ба сабк ва анвои шеъри осори шоирони ҳавзаи адабии Ҳисор низ дар зимни асари А. Ҳабибов “Доираҳои адабии Бухорои Шарқӣ” сухан рафтааст. Аз ин рӯ ҳоло танҳо ба баъзе ҷанбаҳои муҳимми масъала ишора хоҳад шуд. А. Ҳабибов ба таври хеле мухтасар анвои шеъри шоиронро баррасӣ намуда, идома ёфтани суннатҳои адабии гузаштаро дар ҳамаи онҳо таъкид кардааст, ки ба назари мо чандон саҳеҳ нест. Аз ҷумла ӯ дар бораи маснавӣ менависад : “Шоирони давраи зикрёфта на аз рӯи мавзӯъ ва мундариҷа, на аз рӯи шакл дар ин жанри шеърӣ навигариеро надароварда, ба ҳамон мавзӯъҳои анъанавӣ(суннатӣ) ва шакли вуҷуддоштааш онро давом додаанд.” Тавре ки дар мавридаш хоҳем дид, шоирони Ҳисор мисли Мавзун ва Мискин тавонистаанд ба ин навъи шеър мавзӯъҳои нави маҳаллиро дохил намоянд.

пешина
аз 625
навбатӣ