Равзанаи адаб

Дар осори шоирони ҳавзаи адабии Ҳисор ғазал мавқеи асосӣ дошта, на танҳо ҷои қасидаро гирифт, балки мавзӯоти онро низ соҳиб гардид. Дар ғазалҳои ин давра дар радифи ишқ, ки мавзӯи аслии ин навъи шеър дар ҳамаи давру замонҳост, мавзӯъҳои мадҳу ситоиш, марсияву панду насиҳат ва дигар масоили зиндагӣ баён шудаанд. Аксари ғазалҳои ин ҳавза хеле соддаву равон буда, баъзан ба сурудҳои мардумӣ шабеҳанд. Вале дар осори баъзе шоирон ғазалҳое ба назар мерасанд, ки дар пайравии сабки ҳиндӣ офарида шудаанд.
Навъи дигаре, ки бештар ривоҷ пайдо кардааст, мухаммас мебошад. Ривоҷи ин навъи шеър дар осори шоирони Ҳисор бесабаб нест, зеро онҳо бештар ба шоирони асрҳои пешин таваҷҷӯҳ доштанд. Агар гурӯҳе сабки Саъдиву Ҷалолиддини Балхӣ, Ҳофизу Ҷомиро пайравӣ карда бошанд, гурӯҳи дигар ба Соибу Бедил, Калиму Урфӣ ва соири шоирони пайрави сабки ҳиндӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, ба ғазалҳои онҳо мухаммас бастаанд. Ҳамчунин Ҳасрат, Парӣ, Ирсӣ, Фориғ, Карим-Девона ва амоли онҳо мухаммасҳои мустақил офаридаанд. Аз ҷумла аз Ҳасрат 21 мухаммас боқӣ мондааст, ки 13-тои онҳо аз худи ӯст.
Маснавӣ низ дар осори шоирони Ҳисор ривоҷ даштааст.
Ҳарчанд аз ин навъи шеър намунаҳои зиёд боқӣ намондаанд, вале аз чанд намунаи то имрӯз расида, танаввуъи онро пай бурдан душвор нест. Масалан, маснавии “Зафарнома”-и Парии Ҳисорӣ маснавии ҳамосии таърихӣ буда, дар пайравии “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ навишта шудааст ва тасвири ҳодисаи таърихии аз тарафи ҳокими Ҳисор Абдулкаримбӣ барои ба аморати Бухоро тобеъ кардани шоҳи Дарвозу Рашт ҷангидану зафар кардани ӯро дар бар мегирад. Дар “Маснавии Мавзун” низ таъсири “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ эҳсос мешавад. Вале он ба мавзӯи маҳаллӣ ихтисос дода шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор