Равзанаи адаб

Маснавии “Раъно ва Сухангул”-и Фавқии Ҳисорӣ намунаи маснавиҳои ишқии он ҳавза мебошад.
Дар осори шоирони ҳавзаи Ҳисор ҳамчунин аз навъҳои қитъа, рубоӣ, мустазод, тарҷеъбанду таркиббанд намунаҳои хеле кам боқӣ мондаанд, ки ба эҳтимоли қавӣ онҳо чандон ривоҷ надоштаанд. А. Ҳабибов пайдо нашудани чистону муамморо дар доираҳои адабии Бухорои Шарқӣ таъкид кардааст. Вале Фазлии Намангонӣ ба устоди муаммогӯӣ будани Музмари Ҳисорӣ ишора кардааст. Ин далели он аст, ки аз осори ғании шоирони доираҳои адабии мазкур намунаҳои хеле кам боқӣ мондаанд.
Навъи тозаи адабие, ки дар ҳавзаи адабии Ҳисор арзи вуҷуд кардааст, титол мебошад, ки намунаи барҷастаи он дар осори Ҳасрати Ҳисорӣ ба назар мерасад. Дар бораи ин навъи адабӣ бори аввал А. Ҳабибов дар асарҳои худ таваққуф намуда, хусусиятҳои онро муайян кардааст ва аз осори шифоҳии мардум ба адабиёти китобӣ аз тарафи Ҳасрат ворид гардидани онро ҳадс задааст.
Маънои луғавии вожаи “титол” дар “Фарҳанги форсӣ”-и Муҳаммад Муин фиреб, макр, чоплусӣ, тамаллуқ шарҳ ёфтааст.
Титол ҳамчун навъи адабӣ аз нақл ё ҳикояти дорои суханони берабту бемантиқ иборат аст, ки бо ҳадафи ҳазлу мутояба ва хандонидани одамон гуфта мешавад. Ду титоле, ки аз Ҳасрат боқӣ мондаанд, ба ҳамин тариқ офарида шудаанд. Титоли аввал бо ҷумлаҳои зер оғоз меёбад, ки саросар аз ибораҳои бемаънӣ иборатанд : “Рӯзе аз рӯзҳо бар сари саросемаи ман ҳавои соятарошӣ афтод ва рӯй ба кӯчаи Чалпакдӯзон ниҳодам. Дидам пиразане пундонарише, қатёқипӯше, нимтанаи лоҷураандом чингизхоние дар бар дораду мӯйбофти чӯбине харротӣ бар гӯшаи абру ниҳода ин байт мехонд :
Думи рӯбаҳ пайтобаи мокиён,
Саги лӯкка хар нест дар Систон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор