Равзанаи адаб

Аз ҷумла Аҳмади Тамимдорӣ даврабиндии Баҳорро даврабандии назму насри форсӣ дониста, ба он давраи панҷум – муосирро илова намудааст.
Ҳарчанд давраҳои сабк аз давраҳои таърихи адабиёт ҷудо нест, вале тавре ки дар мавридаш хоҳем дид, онҳо на ҳамеша бо ҳам тавофуқ доранд.
И. С. Брагинский бо суолнома ба чанде аз эроншиносони маъруф амсоли В.Ф. Минорский, Жилбер Лазар, С. Махалский, Иржи Бечка, А.Н. Болдирев, А.З. Розенфелд, З.Г. Усмонова, А.
Озар муроҷиъат намуда, назари онҳоро роҷеъ ба зарурати даврабандии таърихи адабиёти форсу тоҷик, навъу тарзҳои даврабандии ин адабиёт ва амсоли инҳо мепурсад ва ҷамъбандӣ намуда, андешаи худро иброз медорад. Ў аз ҷумла ба чунин натиҷа мерасад, ки дар ин амр бояд аз даврабандии кўҳнашудаи сулолавӣ даст кашида, «рушди адабиёт аз рўи қарнҳо» арзёбӣ шавад. Ба назари мо даврабандии таърихи адабиёти форсу тоҷикро фақат бар мабнии қарнҳо анҷом додан кофӣ намебошад. Зеро ҳодисаву падидаҳои муҳими адабӣ на ҳамеша бо давраҳои таърихӣ созгорӣ доранд. Масалан, Баҳор ва Тамимдорӣ адабиёти қарнҳои 4 – 5\ 10 – 11-ро як давра донистаанд. Дар ҳоле ки адабиёти нимаи авали 11 бо ҳадафу мўҳтавои худ аз адабиёти қарни 10 тафовути назаррас дорад. Ҳарчанд дар ин давра сабки хуросонӣ идома дошт, вале дар мавзўъу мўҳтво ва ҳадафу ормонҳои иҷтимоъиву зебошинохтии адабиёт тағйироти ҷиддӣ ба вуҷуд омад. Ормонҳои иҷтимоъии шоирони аҳди Ғазнавиён хилофи ормонҳои давраи Сомониён буд, ки ба таври барҷаста дар муносибати онҳо бо «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ зоҳир мегардад. Ё худ адабиёти қарнҳои 7-11 як давра шуморида шудааст.Тавре ки маълум аст, пас аз фурупошии салтанати Темур на танҳо дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоъӣ ва фарҳангӣ, балки дар ҳаёти адабии ҳам Эрон ва ҳам Мовароуннаҳру Хуросон тағйироти ҷиддӣ ба вуҷуд омад.
Масалан, чӣ тавр метавон адабиёти қарни 7-ро ки давраи ривоҷи тасаввуф дар адабиёт аст, бо адабиёти қарни 11, ки замони рушди адабиёти динӣ буда, аҳли тасаввуф танқиду таъқиб мешуданд, муштарак донист?
Бинобар ин барои даврабандии таърихи адабиёт бояд қабл аз ҳама омилҳои ташаккулдиҳандаи ҳар давраи адабиётро ба таври мушаххас таъйин кард.Ин омилҳо барои ҳар адабиёт ё давраҳои он метавонанд мутафовит бошанд. Дар ташаккули давраи муайяни адабиёт гоҳ забон, гоҳ муҳити сиёсиву иҷтимоъӣ ва гоҳ муҳити фарҳангӣ ё авомили дигар асосӣ ва ҳалкунанда мебошанд.
Масалан, барои адабиёти қарнҳои 9-10 форсу тоҷик забон омили асосӣ буд, дар ҳоле ки барои давраи қабл аз он, яъне қарнҳои 7-8 адабиёти мазкур на забон, балки рўҳияву андеша ва ормонҳои иҷтимоъиву сиёсӣ муҳимтар буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор